Гармиғунҷоиш — миқдори гармие, ки ҷисм ҳангоми ба 1 дараҷа боло рафтани ҳарорат фурӯ мебарад; дақиқтараш гармиғунҷоиш бузургиест (С), ки ба нисбати миқдори гармии ба ҷисм (система) додашаванда (ҳангоми беҳад кам тағйир ёфтани вазъи он) dQ ва тағйирёбии ҳарорати ҳамин ҷисм dT баробар мебошад: С = dQ/dT.

Воҳиди гармиғунҷоиш дар Системаи байналмилалии воҳидҳо (СИ) Ҷ/К аст. Гармиғунҷоиши як воҳиди массаи модда гармиғунҷоиши хос ва гармиғунҷоиш-и як моли он гармиғунҷоиш-и молярӣ ном дорад. гармиғунҷоиш-и хосро аз рӯи гармии фурӯбурдаи ҷисм ва афзоиши ҳарорати он ҳисоб мекунанд: С = dQ/mdT (m – массаи модда). Дар Системаи байналмилалии воҳидҳо гармиғунҷоиши хосро бо Ҷ/кг К) ва гармиғунҷоиши моляриро бо Ҷ/мол К чен мекунанд. Миқдори гармие, ки ҷисм ҳангоми тағйир ёфтани ҳолати он фурӯ мебарад, ҳам ба ҳолатҳои ибтидоӣ ва ниҳоии он (аз ҷумла, ба ҳарорати ин ҳолатҳо) ва ҳам ба усуле вобаста аст, ки ба тавассути он раванди гузариши байни онҳо амалӣ гардида буд. Аз ин рӯ, гармиғунҷоиш-и ҷисм ба тарзи гармкунии он низ вобаста аст. Вобаста ба он ки дар раванди гармкунӣ ҳаҷм ё фишори ҷисм доимӣ нигоҳ дошта мешавад, мутаносибан гармиғунҷоиш-и ҷисм дар фишори доимӣ (Ср) ва дар ҳаҷми доимӣ (Сv) мавҷуд аст. Ҳангоми дар фишори доимӣ гарм кардани ҷисм як қисми гармӣ барои иҷрои кор (васеъшавии ҷисм), вале дар вақти доимӣ будани ҳаҷм тамоми гармӣ фақат барои афзоиши энергияи дохилӣ сарф мешавад; аз ин сабаб Ср ҳама вақт аз Сv зиёд аст. Барои газҳо (чунон тунукшудае, ки онҳоро гази идеалӣ ҳам ҳисобидан мумкин аст) фарқи гармиғунҷоишҳои молярӣ Ср – Сv = R (R = 8,314 Ҷ/ мол, К (собитаи универсиалии газ) аст. Дар ҷисмҳои моеъ ва сахт фарқи байни Ср ва Сv нисбатан кам аст. гармиғунҷоиш-и моляриро дар омори классикӣ аз рӯи энергияи дохилӣ U = ikNА Т/2 (i – адади дараҷаҳои озодӣ, k – собитаи Болсман, NА – адади Авогадро ва Т – ҳарорати мутлақ) ҳисоб мекунанд, яъне: Cv = U/T = ik NA/2; мас., гармиғунҷоиши гази идеалии якатома (i=3) Cv = 12,5 Ҷ/мол. К, дуатома (i=5) Cv = 20,8 Ҷ/мол. К ва ғ. мебошад.

Ҳаракати ҳароратии атомҳо дар ҷисмҳои сахт аз лаппиши атомҳои панҷараи кристаллӣ иборат аст. Ҳар як атом се дараҷаи озодии лаппиш дорад ва аз ин рӯ, гармиғунҷоиш-и молярии ҷисми сахт бояд ба 3n R баробар бошад (n – адади атомҳо дар молекула). гармиғунҷоиш-и ҷисмҳои сахт дар ҳароратҳои баланд то ба 25,41 Ҷ/мол. К мерасад (нигар Қонуни Дюлонг ва Пти). гармиғунҷоиш-и ҷисмҳои сахт ҳангоми паст шудани ҳарорат кам мешавад, ки инро назарияи квантӣ шарҳ медиҳад. Назарияи квантии гармиғунҷоиш-ро А. Эйнштейн (1907) ва П. Дебай (1912) инкишоф доданд, ки он ба квантонии ҳаракати лапишноки атомҳо дар кристалл асос ёфтааст. Барои ҳар як модда ҳарорати Дебай Q мавҷуд аст, ки аз рӯи он ҳарорати баланд ва пастро муайян мекунанд.

Адабиёт

вироиш
  • Кикоин. И.К., Кикоин. А.К. Молекулярная физика, М.1963.

Сарчашма

вироиш