Гармидиҳӣ
Гармидиҳӣ — бо роҳи сунъӣ гарм кардани дохили бино ва дар сатҳи муътадил (18-22°С) нигоҳ доштани ҳарорат, ки бояд ба талаботи беҳдошти аҳолӣ ва равандҳои технологӣ ҷавобгӯ бошад.
Шабакаи гармидиҳӣ бояд он миқдори гармиро диҳад, ки тавассути деворҳо талаф шудани онро ҷуброн карда тавонад. Генератори гармӣ, асбобҳои гармкунанда ва унсурҳои интиқоли гармӣ ҷузъҳои асосии сохтори шабакаи гармидиҳӣ мебошанд. Шабакаи гармидиҳӣ мувофиқи манбаи гармӣ газӣ, геотермалӣ, мазутӣ, ангиштӣ, офтобӣ, электрӣ ва ғ., вобаста ба навъи ноқили гармӣ обӣ (маҳлулӣ), ҳавоӣ, буғӣ, маҷмӯӣ, мувофиқи шакли асбобҳои истифодабаранда шуоӣ, конвективию шуоӣ, конвективӣ ва вобаста ба гардиши ноқили гармӣ (унсури гармигузаронанда) табиӣ ва сунъӣ (техникӣ, бо истифодаи насосҳо) мешавад. Шабакаи маҳаллӣ ва марказии гармидиҳӣ мавҷуд аст. Дар шабакаи маҳаллӣ ҳамаи ҷузъҳои сохтории гармидиҳӣ-ро дар як таҷҳизот муттаҳид сохта, бевосита дар бинои гармшаванда ҷойгир мекунанд. Дар ин шабака бухор, газ, қувваи электр истифода мешавад. Ҳангоми гармидиҳӣ-и марказӣ на фақат як хона ё бино, балки тамоми шаҳрро аз як генератори умумӣ гарм кардан имкон дорад. Барои биноҳои иқоматӣ бештар гармидиҳӣ-и обӣ ва барои биноҳои саноатӣ гармидиҳӣ-и буғӣ истифода мегардад.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Гармидиҳӣ / Ҳ. Саъдуллоев // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.