Гармо, гармӣ, миқдори гармо — миқдори энергияе, ки система (ҷисм) ҳангоми гармотабодул (дар вақти тағйирнопазир будани бузургиҳо ё параметрҳои берунии система – ҳаҷм ва ғайра) медиҳад ё фурӯ мебарад.

Ба мисли кор миқдори гармо низ меъёри тағйирёбии энергияи дохилии система (U) мебошад. Ҳангоми мубодилаи гармӣ дар натиҷаи таъсири мутақобилаи мустақими (бархӯрди) молекулаҳои система бо молекулаҳои ҷисмҳои атроф энергияи дохилии ҷисм тағйир меёбад. Бар хилофи U – функсияи якқимматаи бузургиҳои ҳолат, миқдори гармо, ки яке аз ҷузъҳои тағйирёбии комили U дар раванди физикӣ мебошад, дар шакли фарқи байни қиматҳои функсияҳои бузургиҳои ҳолат ифода карда намешавад. Пас, миқдори камтарини гармо (ки ба тағйирёбии содатарини ҳолати ҷисм мувофиқ аст) дар мавриди умумӣ дифференсиали функсияи бузургиҳои ҳолат буда наметавонад. Миқдори гармои ба ҷисм интиқолшаванда Q ба монанди кор А ба он вобаста аст, ки ба кадом усул система аз ҳолати ибтидоӣ ба ҳолати ниҳоӣ мегузарад. Дар равандҳои баргарданда, мувофиқи ибтидои дуюми термодинамика, миқдори камтарини гармо δQ = TdS аст, ки ин ҷо T – ҳарорати мутлақи система, dS – тағйирёбии энтропияи он мебошанд. Ҳамин тариқ, интиқоли гармо ба система ва интиқоли миқдори муайяни энтропия ба система бо ҳам муодил мебошанд. Ихроҷи гармо аз система бо камшавии энтропия баробарвазн аст. Дар мавриди умумии равандҳои барнагарданда δQ < TdS мебошад.

Сарчашма

вироиш