Гармоҷуфт — табдилдиҳандаи электрии ҳароратӣ, афзор барои чен кардани ҳарорат дар саноат, таҳқиқотҳои илмӣ, тиб ва системаҳо (силсилаҳо)-и автоматӣ.

Гармоҷуфт аз ҷуфти ноқилҳои аз масолеҳи гуногун сохташудаи як нӯгашон пайваст иборат буда, қисми афзореро ташкил медиҳад, ки тавассути падидаи электрии гармоӣ ҳароратро чен мекунад. Гармоҷуфт дар асоси падидаи Зеебек (падидаи электрии ҳароратӣ) амал мекунад. Байни ноқилҳои пайваст фарқи потенсиалҳои тамосӣ ба амал меояд; агар ҷойи ҳалқапайвасти ноқилҳо ҳарорати яксон дошта бошад, ҳосили ҷамъи потенсиали онҳо ба сифр баробар мешавад. Дар ҳолати дар ҳароратҳои гуногун қарор доштани ҳалқапайвасти гармоҷуфт фарқи потенсиалҳои байни ноқилҳо ба фарқи ҳарорат вобаста мегардад. Зариби мутаносибии ин вобастагиро зариби гармоқэҳ меноманд. Филиззоти гуногун зариби гармоқэҳии гуногун доранд, бинобар он фарқи потенсиалҳои ноқилҳои гуногун мувофиқан ҳархела мешавад. Ду усули пайвасти гармоҷуфт: сода ва дифференсиалӣ маъмул аст.

Сарчашма

вироиш