Гармчашма
Гармчашма — чашмаи оби минералӣ дар ноҳияи Ишкошим.
Ҷойгоҳ
вироишДар масофаи 42 км дуртар аз шаҳри Хоруғ, дар нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Шохдара, дар баландии 2800 м аз с. б. воқеъ гаштааст. Таҳқиқи илмии Гармчашма аз ибтидои садаи XX оғоз ёфтааст (Б. А. Федченко). Минбаъд олимон Н. И. Березкина, Е. Г. Андреев, Н. Е. Хрисанфов, Г. И. Жуков, Б. Р. Раҳматов, П. Т. Зоиров, Е. Т. Исаева ва дигарон таҳқиқотро идома додаанд.
Оби минералӣ аз байни ҷинсҳои қадимии кристаллию метаморфӣ фаввора зада, чанд ҳавзачаи табииро ба вуҷуд меорад, ки сатҳи онҳо аз 0,5 то 20 м2 аст; умқашон то 0,5 м. Дебиташ 7 л/с, минералнокиаш 3,4 г/л. Ҳарорати об аз 330 то 500С. Таркибаш натрий (700 мг/л), калий (75,0 мг/л), калсий (132 мг/л), магний (32,0 мг/л), ҳидрокарбонатҳо (1629 мг/л), хлоридҳо (404 мг/л), сулфатҳо (161 мг/л), кислотаҳои силикат (196 мг/л), метаборат (32,0 мг/л), ангидриди озоди карбон (500 мг/л), ҳидрогенсулфиди озод (170 мг/л), гази карбонати ҳалшуда (380—500 мг/л), ҳамчунин микроунсурҳои биологии фаъол (оҳан, алюминий, магний, фтор ва стронсий) дорад. Оби чашма барои табобати бемориҳои дилу рагҳо, силсилаи асаб, аъзои такяву ҳаракат, амрози занона ва пӯст (псориаз, экзема, невродермит, хориши пӯст, склеродермия, ихтиоз, шукуфаи сурхи паҳн, парапсориаз ва ғайра) муфид аст. Онро дар шакли обзан (ванна)-ҳои умумӣ кор мефармоянд. Баъзан барои табобати ҷузъӣ истифода мешавад (даст, по, аъзои ҷинсӣ ва ғайра). Як даври табобат аз 20-24 обзан иборат аст. Оби Г. аз ҷиҳати таркиби кимиёӣ ва хосиятҳои физикӣ ба обҳои истироҳатгоҳи Истису (Озарбойҷон), Пятигорск, Железноводск, Хайдусабосло ва Харкани (Маҷористон) монанд аст, вале миқдори ҳидрогенсулфид ва кислотаи силикат дар он бештар мебошад. Баланд будани сатҳи минералнокӣ сабаби он мегардад, ки оби чашма аз тарқишҳо берун баромада, шӯша мебандад. Дар натиҷаи ба кристаллҳо табдил ёфтани калсий чандин обзан (ванна)-ҳои табиии хурду бузург ба вуҷуд омадаанд. Соли 2010 бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷойи шифохонаи пешина маҷмааи табобату сайёҳии «Гармчашма» бунёд гардид. Маҷмаа аз 5 бинои нави иловагӣ, варзишгоҳ, иншооти табобатию фароғатӣ, меҳмонхонаи замонавии «Сомон ТМ», майдончаҳои баскетбол, волейбол, теннис, ҷойи офтодиҳии бадан ва ғ. иборат аст.
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Исаева Е. Т. Целебные воды «Гармчашмы». Д., 1973;
- Зоиров П. Т. Эффективность минерального источника «Гарм-Чашма» на Памире при лечение больных детскими дерматозами // Вопросы эпидемиологии, клиники, лечения и профилактики венерических заболеваний. Д., 1976;
- Бобоходжаев И. Я., Давлатмамадов Ш. М. Лечебные минеральные источники Памира. Д., 1994;
- Зоиров П. Т., Рахматов Б. Р. Целебные минеральные источники Таджикистана и болезни кожи. Д., 2003.
Сарчашма
вироиш- Гармчашма / П. Зоиров // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.