Мануэл Франсиско Дус Сантос (португалӣ: Manuel Francisco dos Santos; 28 октябри 1933, — (1983-01-20)20 Январ 1983, Пау Гранде, Рио Де Жанейро Cтате, Бразилия) — футболбози бразилӣ, нимҳимоятгари ҳуҷумкуни канорӣ.[6]

Футбол
Гарринча
Иттилооти умумӣ
Таваллуд 28 октябр 1933(1933-10-28)[1][2][3][…]
Вафот 20 январ 1983(1983-01-20)[4][1][5] (49 сол)
Шаҳрвандӣ
Маснад

Зиндагинома

вироиш

Корномаи бошгоҳӣ

вироиш

Дар ҳайати дастаи Бразилия (1955-66) қаҳрамони ҷаҳон (1958, 1962) шудааст; беҳтарин голзани мусобиқаи ҷаҳонии соли 1962; ширкаткунандаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии соли 1966; дар 45 мусобиқа ба майдон рафта, 12 гол задааст. Дар дастаҳои «Ботафого» (Рио-де-Жанейро, 1953-64), «Корентианс» (Сан Паулу, 1965-68), «Атлетико» (Колумбия, 1968), «Фламинго» (Рио-де-Жанейро, 1968-69) ҳунарнамоӣ кардааст. Дар бозиҳои расмӣ 254 гол задааст. Ӯро ба унвони яке аз техникитарин, беҳтарин ва маҳбубтарин бозигарони таърихи футбол мешиносанд; беҳтарин ҳуҷумкунандаи самти рост дар таърихи футболи ҷаҳон хонда мешавад. Тибқи назарсанҷии Федератсияи байналмилалии таърих ва омори футбол Г. дар байни беҳтарин бозигарони ҷаҳон (дар садаи XX) мақоми 8 ва байни бозигарони беҳтарини Амрикои Ҷанубӣ ҷойи 4-умро ишғол мекунад. Г.-ро дар Бразилия пас аз Пеле дувумин бозигари таърихи футболи кишвар мешуморанд.

Пайвандҳо

вироиш

Адабиёт

вироиш