Гаспра
(951) Га́спра (укр. Гаспра) — яке сайёракҳои бештар таҳқиқшуда, рақами тартибиаш 951.
Номида ба шарафи | Gaspra[d] |
---|---|
Пеш аз | 950 Ahrensa[d][1] |
Баъдӣ | 952 Caia[d][1] |
Кошиф | Grigory Neujmin[d][1][2] |
Таърихи кашф | 30 июл 1916[2] |
Мавқеи кушоиши астрономӣ | Simeiz Observatory[d][2] |
Навъи сайёрак | камарбанди сайёракҳо[d][2] |
Баданаи аслӣ | Офтоб |
Апомарказ | 2,592737512361 ± 0 воҳиди нуҷумӣ[2] |
Перимарказ | 1,827016957667 ± 0 воҳиди нуҷумӣ[2] |
Аргументи перимарказ | 129,95478950905 ± 0 °[2] |
Хуруҷ аз маркази мадорӣ | 0,173249568474 ± 0[2] |
Инҳирофи мадорӣ | 4,102 ± 0,001 ° ва 4,106111104934 ± 0 °[2] |
Периоди гирдзанӣ | 1 199,9154600931 ± 0 Рӯз[2] |
Периоди тобхурӣ | 25 351,2 s[2] |
Нима-меҳвари калони мадорӣ | 2,209877235014 ± 0 воҳиди нуҷумӣ[2] |
Longitude of ascending node | 252,98899235787 ± 0 °[2] |
Онумолии миёнгин | 293,00134805339 ± 0 °[2] |
Asteroid spectral type | S-type asteroid[d][2] |
Бузургии зуҳурӣ / рушноӣ | 16,8 |
Бузургии мутлақ | 11,47[2] |
Албедо | 0,22 ва 0,246 ± 0,032[2] |
Зичӣ | 2,7 gram per cubic centimetre |
Диаметр | 12,2 км[2] |
Эпоха | October 17, 2024[d] |
Time of periapsis | 2 460 823,8131063 ± 0 Julian day[2] |
Аломати муваққатӣ | A916 OJ[2] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Соли 1916 ситорашиноси рус Г. Н. Неуймин кашф ва ба шарафи осоишгоҳи Қрим номгузорӣ кардааст. Дар ҳалқаи асосии астероидҳо дар байни мадорҳои Миррих ва Муштарӣ давр мезанад. Соли 1991 дастгоҳи автоматии байнисайёравии амрикоии «Галилео» ҳангоми парвоз ба сӯйи Муштарӣ дар масофаи 16 000 км Гаспра-ро аксбардорӣ кардааст. Гаспра шакли нодуруст ~ 18,2 х 10,5 х 8,9 км дошта, зичиаш ~ 2,700 г/см3 ва даври гардишаш дар атрофи Офтоб 2,2097135 сол аст. Шакли нодурусти Гаспра аз он далолат медиҳад, ки астероид дар натиҷаи бархӯрд бо дигар ҷирми кайҳонӣ ташкил ёфтааст. Сатҳи онро танӯраҳои гуногунандоза бо дигар ҷирмҳои осмонӣ фаро гирифтаанд (қутри танӯраи калонтарин 1,5 км аст). Гаспра тақр. 500 млн сол пеш пайдо шудааст. Аз рӯйи таҳқиқи майдони магнитии дар Гаспра мушоҳидагардида тахмин меравад, ки дар таркиби он филиззот вуҷуд доранд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Гаспра / А. Раҳмонов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.