Гастарбайтер
Гастарба́йтер (олмонӣ: Gastarbeiter; лафзан: мещмон-коргар) — шаҳрванди хориҷие, ки ба таври кироя муваққатан кор мекунад.
Истилоҳи гастарбайтер дар солҳои 60 садаи XX дар замони ҷалби васеи қувваи арзони корӣ аз Туркия, Юнон, Итолиё, Испания ва Португалия бо мақсади қонеъ намудани талаботи иқтисодиёти босуръат рушдкунандаи Олмон, дар давраи ҳукмронии канслери Ҷумҳурии Федеративии Олмон Конрад Аденауэр пайдо гардид. Дар ҷаҳони муосир гастарбайтерҳо як қисми аҳолии давлатҳои қафомонда мебошанд, ки тахассус ё ҷойи доимӣ надоранд ва барои дарёфти маблағ ба хориҷа мераванд. Гастарбайтерҳо қувваи кории арзон мебошанд. Тибқи маълумоти омории солҳои охир аксари муҳоҷирони расмии аз Тоҷикистон ба қайд гирифташуда дар Федератсияи Русия ва боқӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, бархе аз давлатҳои Араб ва Аврупо фаъолият доранд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Цапенко И. Социально-экономическое последствия международной миграции населения. М., 1999;
- Ван дер Вее Гастарбайтер История мировой экономики. М., 1994, 2005.
Сарчашма
вироиш- Гастарбайтер / М. Тағоев // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.