Гастингсит
Гастингсит — минерал аз гурӯҳи амфиболҳо, формулаи кимиёиаш (NaCa (Fe4 2+ Mg)4Fe3+(Si6Al2)O22(ON)2. Сингонияаш моноклиналӣ.
Формула | ???? |
Кристаллҳояш маншуршакл, сутунмонанд, сӯзаншакл. Дар намуди донаҳои анбӯҳ ва ҷудогона вомехӯранд. Рангаш сиёҳ, сабзи сиёҳтоб, дорчинии сабзтоб, зард, хокистарранги сабзтоб. Ҷилояш шишагӣ. Сахтиаш 5–6. Зичиаш 3,17–3,59 г/см2. Дар магматитҳо (гранодиоритҳо, диоритҳо, диоритҳои кварсӣ, монсонитҳо), сиенитҳо нефелинӣ ва гранитҳои ишқорӣ дучор меояд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Годовиков А. А. Минералогия. М., 1975;
- Булах А. Г. Минералогия с основами кристаллографии. М., 1989.
Сарчашма
вироиш- Гастингсит // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.