Гастринома
Гастринома — омосе, ки гастрин ҷудо мекунад.
Гастринома | |
---|---|
Ихтисос | Саратоншиносӣ, ҷарроҳӣ |
МКБ-10 | E16.4 |
---|---|
МКБ-О | 8153/1 |
DiseasesDB | 14279 |
eMedicine | / |
MeSH | D015408 |
Гастрин ба ихроҷи барзиёди асиди хлорид мусоидат карда, боиси пайдоиши захми рӯдаҳои дувоздаҳангушта ва борик мегардад. Дар 85 дарсади мавридҳо гастринома дар ғадуди зери меъда пайдо мешавад. Дар баъзе ҳолатҳо онро дар сипурз, ҷигар, талхадон, тухмдон ва сифоқ низ пайдо кардан мумкин аст. Бештар мардҳо (60%) бемор мешаванд. Бино ба баъзе маълумот тақрибан дар 90 дарсади ҳолатҳо гастринома ба омоси бадфарҷом табдил меёбад.
Гастринома нишонаҳои гуногун дошта бошад ҳам, дар аксар мавридҳои он дар меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта захм пайдо мешавад. Муолиҷаи чунин захмҳо бо давоҳои хосса хеле душвор аст. Ҳангоми сӯрох шудани захм аз меъдаву рӯда хун меравад. Пайдоиши дарди шадид дар сари дил, оруғи турш, зардаҷӯшӣ аломатҳои гастринома мебошанд. Баъзан эзофагит низ ба мушоҳида мерасад, ки дар натиҷаи он сурхрӯда танг мешавад. Ба рӯда гузаштани миқдори зиёди асиди хлорид ба осеб ёфтани луобпарда, ҳаракати пурзӯри рӯдаи борик ва заъфи ҷабиши моддаҳо мусоидат мекунад. Агар гастринома бадфарҷом шуда бошад, бемор харобу лоғар мешавад. Гастриномаро бо доруҳои гуногун ва ҷарроҳӣ муолиҷа мекунанд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Гастринома // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.