Гастрофилёз (Gastrophilosis; Гастерофилёз) — касалии сироятии ҳайвоноти тоқсум.

Ангезандааш кирминаҳои ғурмагас аз ҷинси Gastrophilus – G. Intestinalis, G. veterinus, G. hemorrhoidalis, G. pecorum, G. inermis, G. niqricornis, G. magnicornis, G. flavipes. Хусусан G. Intestinalis (ғурмагаси калони меъда), G. veterinus (ғурмагаси рӯдаи дувоздаҳангушта), G. pecorum (алафмагас) хавфнок мебошанд. Ранги ғурмагас зардтоб аст; дарозиаш 10–20 мм; танашро мӯякчаҳо пӯшидаанд. Баданаш аз се қисм – сар, сина ва шикам иборат мебошад. Кирминаҳои гастрофилёз ба ҷавфи даҳон ворид шуда, луобпардаи онро захмнок месозанд, боиси пайдоиши илтиҳоб мешаванд. Дар натиҷа фурӯ бурдани ғизо мушкил мегардад, дар меъдаву рӯда чуқуричаҳои танӯрамонанд падид меоянд, бофтаҳо дурушт ва меъда хуншор мешавад.

Гастрофилёз дар тамоми дунё, аз ҷумла дар Тоҷикистон, дучор меояд. Асосан дар аспу хар ва хачирҳо ба мушоҳида мерасад. Манбаи гастрофилёз ҳайвони касал мебошад. Модинаҳои ғурмагас дар пашми ҳайвонот тухм мегузоранд. Баъди 4–10 рӯз аз тухм кирминаҳо баромада, ба луобпардаи ҷавфи даҳон роҳ меёбанд. Онҳо аз он ҷо тавассути оби даҳон ба луобпардаи меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта мегузаранд ва 9–10 моҳ зиндагӣ мекунанд. Баҳорон бо наҷосат хориҷ гашта, дар хок ба ғунбак (зоча) табдил меёбанд. Барои муолиҷаи гастрофилёз хлорофос, универм ва дигар инсектитсидҳоро истифода мебаранд. Баҳри пешгирии гастрофилёз аспҳоро шабона чарондан лозим аст. Ҳамчунин ҳафтае як бор бо нӯги корди тез аз мӯйи аспҳо тоза кардани тухми гастрофилёз ё бо доруҳои неостамазан, бутокс, протеид, эктотсин–5 ва ратсидол шустани ҳайвонот аҳаммияти бузург дорад.

Адабиёт

вироиш
  • Практикум по диагностике инвазионных болезней сельскохозяйственных животных. М., 1984;
  • Паразитология и инвазионные болезни сельскохозяйственных животных. М., 1990;
  • Паразитология и инвазионные болезни животных. М., 2000.

Сарчашма

вироиш