Гаструлятсия
Гаструлятсия — раванди рушди бармаҳали ҷанини мавҷудоти серҳуҷайра, ки боиси пайдоиши пардаи дуқабата ва дар бештар мавридҳо пардаи сеқабатаи тани ҳайвонот мегардад.
Ҳангоми гаструлятсия маводди ҳуҷайра ҷой иваз карда, дар натиҷа як қисми он ба ҷанини якқабата (бластула) ворид мегардад ва дар девора (тан)-и он қабати дуюмро ба вуҷуд меорад (гаструла). Гаструлятсия аз 4 усули асосӣ иборат аст. Инвагинатсия ё фурӯхамидагӣ — як қисми девораи ҷанини якқабата тадриҷан ба дарун фурӯ рафта, баргаки дохилиро ҳосил мекунад. Эпиболия ё фарогирӣ — ҳуҷайраҳои нисбатан калон ва серзардӣ ҳуҷайраҳои хурдро фаро гирифта, баргаки дохилиро ба вуҷуд меоваранд. Кӯчиш — ҷойгирии ҳуҷайраҳои алоҳида андаруни ҷанин ва дар зери қабати сатҳӣ маскан гирифтани онҳо. Деламинатсия — мувозӣ нисбат ба сатҳ тақсим шудани ҳуҷайраҳо, ки дар натиҷа девораи якқабатаи ҷанин ба девораи дуқабата табдил меёбад. Бо усули деламинатсия ва кӯчиш гаструлятсия асосан дар рӯдаковокҳо ба вуқӯъ меояд. Дар аксарияти ҳайвонот тарзҳои гуногуни гаструлятсия ба мушоҳида мерасанд. Зардии тухм ҳар қадар бештар бошад, раванди эпиболия ҳамон қадар дертар идома меёбад. Гаструлятсияи сӯзанпӯстон, пардадорон, бекосаисарон ва муҳрадорони дараҷаи паст (гирддаҳонҳо, моҳиҳо ва обхокиҳо) умумиятҳо дорад. Дар муҳрадорони дараҷаи олӣ (хазандаҳо, парандаҳо ва ширхӯрҳо) энтодерма бармаҳал ташаккул ёфта, дорои маводди баргаки миёнаи оянда нест. Охирӣ аз баргаки берунӣ ҷудо шуда, байни эктодерма ва энтодерма қарор мегирад. Дар нахустдаҳонҳо (кирмҳо, нармбаданҳо, бандпойҳо) мезодерма дар натиҷаи афзоиши чанд ҳуҷайраи алоҳида — телобластҳо ташаккул меёбад, ки ҳосилаҳои онҳо дар байни эктодерма ва энтодерма ҷой мегиранд. Усулҳои гаструлятсия, аз ҷумла пайдоиши мезодерма, хеле гуногун ва ниҳоят мураккаб мебошанд.
Эзоҳ
вироишТочикистон ба пеш
Сарчашма
вироиш- Гаструлятсия // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |
Ин мақолаи хурд дар бораи зистшиносӣ аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |