Гатина, Роза Фаттоҳовна

Гатина Роза Фаттоҳовна (тав. 8.3.1953, шаҳраки Навободи ноҳияи Ғарм) — кимиёдон, доктори илмҳои кимиё (1994), профессор (1997).

Гатина, Роза Фаттоҳовна

Зиндагнома вироиш

Хатмкардаи УДТ (1974). Омӯзгори омӯзишгоҳи касбҳои техникии № 1 шаҳри Душанбе (1974-78), лаборант, ходими хурди илмӣ ва ходими калони илмии Институти химия (1978-93), сарвари заводи таҷрибавии ҳамин муассиса (1993-96), профессор Институти кимиёи технологии шаҳри Чимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон (1996—2000), корманди илмӣ, ҷонишини директор ва директори Институти таҳқиқоти илмии маводди кимиёии шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористон (аз 2000). Г. оид ба кимиёи гидридҳо, роҳҳои бозёфти гидриди алюминий пажӯҳиш анҷом додааст. Муаллифи зиёда аз 90 китобу мақолаи илмист.

Осор вироиш

  • Способ получения гидрида алюминия. Д., 1989;
  • Исследование стабилизационных свойств поливинилового спирта//Бутлеровские сообщения, № 3. Т. 20. 2012.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш