Гаубарува, Гобрия (порсии бостон: 𐎥𐎢𐎲𐎽𐎢𐎺, юн. Γωβρυας) — яке аз сипаҳсолорон ва давлатмардони аҳди Куруши II Кабир (559—530 то м.), Камбуҷия (529—522 то м.) ва Дорои I (522—486 то м.). Падари Мардуния ҳамсафи Хашиёршоҳ (486—465 то м.)

Гаубарува
Сурат
Таърихи таваллуд асри VI то м.
Таърихи даргузашт асри V то м.
Пеша ходими низомӣ
Фарзанд Мардуния

Зиндагинома

вироиш

Насабаш ба хонадони бонуфузи патейхориҳои Порс мерасад. Ҳангоми лашкаркашии Куруши Кабир ба Бобил сипаҳсолори ҷабҳаи пешсаф буда, баъди фатҳи шаҳрҳои Сиппар (10 октябр) ва Бобил (12 октябри 539 то м.) шоҳ Набо-нидро асир гирифт. Г. дар аҳди Куруш ва Камбуҷия муддате волии Бобил ва ҳангоми ҳуҷуми Ҳахоманишиён ба Миср (526—522 то м.) сипаҳсолор буд. Дар Катибаи Бесутун Г. аз ҷумлаи ҳафт тан пешвои бонуфузи хонадони порсҳо, ки зимни сӯиқасд Гауматаи ғосибро дар Сакаяувати ном дижи Мод ба қатл расонида (29 сентябри 533 то м.), тахти шоҳаншоҳии сулолаи Ҳахоманишиёнро аз хонадони Куруши II ба шохаи дигари сулола ‒ Дорои I бозгардониданд, ёд мешавад. Дар бахши IV-и Катибаи Бесутун Дорои I Г.-ро бо номи Гаубаруваи писари Мардуния аз насаби хонадони Порс зикр карда, бузургдошташро дар қатори ҳафт тан ёваронаш таъкид месозад. Ба қавли Ҳеродот, духтараш яке аз ҳамсарони Дорои I буда, Г. барои пойдории хешовандӣ хоҳари Дороро ба занӣ гирифта буд. Дар саркӯбсозии ошӯбҳои зидди Дорои 1 (522-521то м.) сарфармондеҳии сипоҳиёни найзадорро ба уҳда дошт. Мутобиқи маълумоти Катибаи Бесутун соли 520 то м. ошӯби мардуми Эломро саркӯб намуд. Соли 514 то м. ҳангоми лашкаркашии Дорои I ба самти шимолии баҳри Сиёҳ қувваҳои низомии Ҳахоманишиёнро дар муборизаи зидди скифҳо роҳбарӣ мекард. Дар муҷассамаи Нақши Рустам аз паҳлуи чапи Дорои I назди тахти шоҳаншоҳ мақом дорад. Писари Г. — Мардоний ҳангоми лашкаркашии Хашиёршоҳ ба Юнон (соли 480 то м.) сарфармондеҳи сипоҳиёни пиёданизом буд.

Адабиёт

вироиш
  • Дандамаев М. Д. Иран при первых Ахеменидах. М., 1963;
  • Геродот. История в девяти книгах. Ленинград, 1972;
  • Фаррух Кова. Персы. Армия великих царей. М., 2009;
  • Мероси хаттии Бостон. Ҷ. 1. Д., 2014.

Сарчашма

вироиш