Гаубитса
Ҳа́убитса (олмонӣ: Haubitze) — тӯпи артиллерӣ, ки барои оташфишонӣ аз мавқеъҳои пӯшида (таҳти кунҷи то 700) таъйин гардидааст.
Таърих
вироишГаубитса садаи XV дар Аврупои Ғарбӣ, миёнаҳои садаи XVI дар Русия пайдо шуда, гафунитса ном доштааст. Дар ҳолатҳои муҳосира артиллерияи қалъаҳоро бо гаубитса мусаллаҳ мекарданд. Аз садаи XVII шурӯъ карда дар майдонҳои ҷанг гаубитсаҳои сабукро истифода мебурданд. Аз миёнаҳои садаи XVIII артиши рус бо гаубитсаи милаш дарозкардашуда — «аспи якшоха» (ҳайвони афсонавӣ) мусаллаҳ гардид. Дар ҷангҳои якум (1914-18) ва дуввуми ҷаҳонӣ (1939-45) ҳамаи артишҳо аз гаубитса васеъ истифода бурданд. Ҳоло артиллерияи артишҳо бо гаубитсаҳои муосир мусаллаҳанд. Қутр (калибр)-и мили гаубитсаи муосир 105—203 мм буда, аз он дар як дақ. ба масофаи 30 км то 10 бор тир холӣ кардан мумкин аст. гаубитса худгард ва кашидабаранда мешавад. Тӯпе, ки хусусияти гаубитсаро дар худ омезиш медиҳад, гаубитса-тӯп ё тӯп-гаубитса ном дорад.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Гаубитса // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.