Гаудапада (тахминан дар ҳудуди байни асрҳои 7-8 зистааст) — мутафаккири Ҳинд, муаллифи нахустин тафсири муназзами адвайта-веданта.

Гаудапада
Сурат
Таърихи таваллуд асри VI
Таърихи даргузашт номаълум
Пеша файласуф

Устоди Говинда, ки Шанкара дар назди ӯ таълим гирифта буд, ба шумор меравад. Асари асосии Гаудапада «Мандукя-карика» аз 4 фасл иборат аст. Фасли аввал фарогири баёни мухтасари матни Упанишада буда, дар он 4 ҳолати шуур шарҳ дода шудааст. Дар фасли дуввум роҷеъ ба воқеият надоштани ашёе, ки дар хоб эҳсос мешаванд ва дар қиёс бо ин мавҳум будани ҳамаи ашёе, ки дар бедорӣ дарк мешаванд, сухан меравад. Гаудапада ба шабоҳати куллии ҳолатҳои бедорӣ ва хоббинӣ исрор меварзад. Фасли севвум аз баёни мавқеи муайян ва равшани Адвайта: Воқеияти ягона будани Атман-Браҳман ва хаёл будани ғайри он иборат аст. Гаудапада ба омӯзиши аҷата-вада, яъне, таълимоти тавлиднашавандагӣ пардохтааст. Дар фасли чаҳорум Гаудапада ба баёни воситаҳое пардохтааст, ки тибқи андешаи ӯ, бо ёрии онҳо метавон ва бояд аз хаёли дугонагӣ раҳоӣ ёфт. Дар ин китоб Гаудапада ҳамчунин муҳимтарин мавзӯъҳои адвайта-веданта: айнияти атман ва браҳман, майя, ҳикмат (ҷняна) ҳамчун омили раҳоӣ, донистанашаванда будани зоти мутлақ ва ғ.-ро мавриди таҳлил қарор додааст. Бисёр андешаҳои Гаудапада ба таълимоти буддоӣ монандӣ дошта, буддоия (хусусан мантиқи манфии мадҳямика) ба ӯ таъсири зиёд расондааст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Радхакришнан С. Индийская философия /Перевод с английского. Т. 2. М., 1957;
  • Философский энциклопедический словарь. М., 1989;
  • Исаева Н. В. Слово, творящее мир. От ранней веданты к кашмирскому шиваизму: Гаудапада, Бхартрихари, Абхинавагупта. М., 1996;
  • Mahadevan T. M. P. Gaudapada; a study in early advaita. Madras, 1954.

Сарчашма вироиш