Гаусс
Гаусс — воҳиди индуксияи магнитӣ дар системаи воҳидҳои сантиметр-грамм-сония СГС (системаҳои Гаусс ва сантиметр-грамм-сония-метр СГСМ).
Ба шарафи олими олмонӣ Карл Фридрих Гаусс номида шудааст. Ишорааш Гс (Gs). 1 Гаусс ба индуксияи майдони магнитии якҷинсае баробар аст, ки дар он ба ноқили мустақими яксантиметрии нисбат ба вектори индуксияи майдон амудӣ ҷойгиршуда (ҳангоми аз он ҷорӣ будани ҷараёни баробар ба 1 воҳиди ҷараёни СГСМ) қувваи баробар ба 1 дин таъсир мерасонад. Гауссро инчунин индуксияи магнитие шумурдан мумкин аст, ки ҳангоми он аз буриши масоҳаташ 1 см2 (ки ба самти хатҳои индуксия амудӣ мебошад) сели магнитии 1 максвелл мегузарад. Таносуби байни воҳидҳои индуксияи магнитӣ дар системаҳои воҳидҳои СГС ва системаи воҳидҳои байналмилалӣ СИ чунин аст: 1 Гс=104 Тл. Дар амалия воҳиди килогаусс (1000 Гс)-ро низ истифода мебаранд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Гаусс // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.