Гачабозӣ (форсӣ: گچه‌بازی‎), качабозӣ, каҷабозӣ — навъе аз бозиҳои бачагона.

Рафти бозӣ

вироиш

Ширкаткунандагони гачабозӣ паҳлуи ҳам ҳалқае ороста, як нафарро сардор интихоб мекунанд. Барои шурӯи бозӣ ангуштарӣ, тугма ё сангпорае даркор аст, ки онро «гача» меноманд. Сардор дар мобайни ҳалқаи бозигарон истода, гачаро ба дасти яке аз бачагон медиҳад ва «Дастҳо боло!» гӯён амр мекунад. Ҳама дастҳоро боло мебардоранд. Сардор фармон медиҳад, ки дастҳояшонро сӯйи пушт баранд. Бо шумориши «Як!», «Ду!» бачаҳо дастони худро аввал ба паҳлу ва баъд ба пушт бурда пинҳон мекунанд. Сардор аз онҳо мепурсад, ки «Гача дар дасти кист?». Бачаҳо бо як овоз ҷавоб медиҳанд, ки «Гача дар дасти ман аст! Дар кадомин дасти ман аст?». Бачаҳо дар ин лаҳза бо ҳам зич шуда, гачаро даст ба даст мегардонанд ва кӯшиш мекунанд, ки сардор дар дасти кӣ будани гачаро пай набарад. Ҳамин тариқ, бозӣ то гачаро пайдо кардани сардор давом мекунад. Нафаре, ки гачаро аз даст афтонад, аз бозӣ хориҷ мешавад. Агар гача аз дасти касе пайдо шавад «гача гул кард» мегӯянд ва ӯро сардор таъйин карда, бозӣ аз нав оғоз меёбад. Аз ин бозӣ ибораи фразеологии «кача гул кард» ба радифи зарбулмасалҳо ворид шуда, дар мавриди фош гардидани сирр (роз) ё ёфт шудани чизе, ашёе истифода мешавад.

Дар адабиёт

вироиш

Дар адабиёти бадеӣ низ ин образ васеъ ба кор рафтааст:

Ҳангомаи шаб гузашту шуд қисса тамом,
Толеъ ба кафам яке наандохт кача.

Рӯдакӣ


Гачабозӣ аз саргармиҳои хуби наврасон буда, ба чобукию ҳушёрию зиракии онҳо мусоидат мекунад.

Сарчашма

вироиш