Гачандозӣ — як навъ тадбири кимиёӣ, ки ҷиҳати бартараф сохтани серишқории замин (барои бисёр зироат зарар дорад) андешида мешавад.

Дар натиҷаи гачандозӣ калсийи таркиби гач натрийи таркиби хокро аз миён бурда, хосияти онро беҳтар мекунад. Агар дар хок миқдори натрий нисбатан кам бошад, пас чунин хокро хоки камнатрийи минтақавӣ меноманд (мас., сиёҳхокҳои камнатрий, хокҳои дорчинии камнатрий, бӯрхокҳои камнатрий ва ғайра). Ҳангоми нам кашидан қабати натрийдори хок ковоку часпак ва таркибаш вайрон, дар мавриди хушк шудан бошад, беҳад сахт гашта, ба рушди решаи рустанӣ халал мерасонад, вақти шудгор ба кулӯхҳои калон-калон табдил меёбад. Дар таркиби хокҳои тагшӯри марғзори минтақаҳои сиёҳзамин ғайр аз натрий сода низ мавҷуд аст. Бинобар ин онҳоро хокҳои натрию содадор меноманд. Дар ин гуна хокҳо намакҳои калсий нағз ҳал намешаванд, хосияти физикии онҳо бад ва маҳлулашон серишқор аст. Дар чунин ҳолатҳо бисёр вақт зироат нобуд мегардад.

Дар таркиби хокҳои натрийдори дорчинӣ ва бӯр, маъмулан, сода мавҷуд нест. Вале дар баъзе қабатҳои онҳо намакҳои нейтралии хлорид ва сулфидҳо ҷой доранд. Чунин хокҳоро шӯрхокҳои хлоридию сулфатӣ ва сулфатию хлоридӣ меноманд. Баъзеи ин хокҳо дар зери қабати натрийдори худ карбонати калсий — оҳак (бештар якҷоя бо гач) низ доранд, ки аҳаммияти он беандоза зиёд аст. Барои хубтар кардани ҳолати хокҳои натрийдор аз гачи хоми кӯфта (CaSO4•2H2O), гачи сохтмонӣ (CaSO4•0,5H2O), партови корхонаҳои нурии маъданӣ — фосфогипс, хлориди калсий, хокаи сулфур ва ғ. истифода мебаранд. Кислотаи сулфат дар хокҳои содадор ба карбонати калсий ва сода таъсир карда, гач ҳосил мекунад, ки калсийи он натрийи хоки натрийдорро аз миён мебарад. Яке аз муҳимтарин воситаҳои мелиоратсияи хокҳои натрийдор истифодаи сулфати оҳан (партови саноатҳои филиззот ва локу ранг) мебошад.

Вояи гач ва дигар намакҳои калсийро аз рӯйи миқдори эквиваленти натрий муовизи қабати хок ҳисоб мекунанд. Дигар роҳи кимиёии муайян кардани вояи гач муқаррар намудани «норасоии калсий» (дар натиҷаи аз маҳлули атсетати калсий ҷабида шудани он) мебошад. Вояи гаче, ки бо истифода аз атсетат муқаррар гаштааст, тақр. ба 0,75 вояи гачие, ки ба тавассути муовиз муайян карда шудааст, баробар мебошад. Усули кимиёиву коллоидии муқаррар сохтани вояи гач низ вуҷуд дорад.

Барои гачандозӣ хокҳои натрийдорро амиқ шудгор ва рӯйгардон мекунанд. Ин гуна хокҳо, одатан, порухоки кам доранд. Бинобар ин, ҳангоми гачандозӣ ба ҳар га андохтани 20 т пору ё истифодаи нуриҳои сабз хеле муҳим аст. Ба хокҳои натрийдори сафолакбаста, ки ҳангоми шудгори амиқ қабати сернатрийи онҳо рӯйи хок мебарояд, вояи муқаррарии гачро дар ду навбат (1/3 ҳиссаашро пеш ва 2/3 ҳиссаашро баъди шудгор) меандозанд ва култиватсия мекунанд. Ба хокҳои натрийдоре, ки қабати сернатрийи онҳо амиқ хобида, баъди шудгор кардан боло намебарояд, 2/3 ҳиссаи вояи гачро пеш ва 1/3 ҳиссаи онро пас аз шудгор кардан мепошанд ва сипас култиватсия мекунанд. Давраи ба заминҳои корам табдил ёфтани хокҳои натрийдор давраи мелиоративӣ ном дорад. Дар минтақаҳои сиёҳзамини лалмӣ ин давра 8-10 сол (баъзан бештар) ва дар заминҳои обӣ 5-6 сол идома меёбад. Бинобар ин, дар чунин заминҳо тезонидани ҷараёни мелиоратсия ва андешидани тадбирҳои иловагӣ (барфнигоҳдорӣ, обёрии лиманӣ ва ғайра) муҳимманд. Дар давраи мелиоратсия дар чунин заминҳо кишт намудани зироати лалмӣ (гандум, ҷав, ҷуворӣ, қашқабеда якҷо бо хӯшаиҳо ва зироати лӯбиёӣ) ва обӣ (ҷуворӣ, гандуми тирамоҳӣ, лаблабуи хӯроки чорво) мувофиқи мақсад аст.

Адабиёт

вироиш
  • Добровольский Г. В., Никитин Е. Д. Сохранение почв как незаменимого компонента биосферы. М., 2000;
  • Ганжара Н. Ф. Почвоведение. М., 2001.

Сарчашма

вироиш