Гачбандӣ
Гачбандӣ — яке аз усулҳои табобат, ки ҳангоми шикастан, кафидан ё баромадани устухон, муолиҷаи бемориҳои дастгоҳи такяву ҳаракат, инчунин барои ноҷунбон кардани дасту по, гардану сар ба кор мебаранд.
Асоси гачбандӣ гачи тиббист (нигар Гач), ки хокаи маҳини сафед ё андак зарди беолоиш буда, зуд шах мешавад. Пеш аз гачбандӣ ба дока гач молида, дар зарфи обаш гарм тар мекунанд. Баъди тамоман тар шуданаш (дигар пайдо нагаштани ҳубобчаҳои ҳаво) докаро аз об берун меоранд. Ҷойи иллатёфтаро бо болиштаки пахтагӣ ё қабати тунуки пахта пӯшонда, аз болои он бандинаи гачолудро мепечонанд. Печҳои дока бояд болои якдигар ҳамвор хоб раванд. Дар мавриди гачбандии дуруст ҳаракати хун халал намеёбад ва узв дард намекунад. Бо мақсади назорат панҷаи по ё дастро кушода мегузоранд (гачбандӣ намекунанд). Пайдоиши дарду варам, хунуку карахт шудани узв, кабудшавии ангуштон аломати нодуруст гачбандӣ кардан аст. гачбандӣ-и бардавом боиси аз сабзиш мондани мушакҳо ва шах шудани бандҳои беҳаракат мешавад. Гачбандиро бо арра, корд ё қайчӣ мебуранд. Боқимондаи онро бо оби ширгарм ва собун мешӯянд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Аверянов М. Д. Повязки в лечебной практике. М., 2010.
Сарчашма
вироиш- Гачбандӣ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.