Гачечиладзе, Гиви Ражденович
Гачечиладзе Гиви Ражденович (5 августи 1914, Тифлис – 9 феврали 1974, ҳамон ҷо) — адабиётшинос, нависанда ва тарҷумони гурҷӣ.
Зиндагинома
вироишХатмкардаи Донишгоҳи Тифлис (1936). Яке аз аввалин докторони илм дар соҳаи тарҷума мебошад. Проф. Донишгоҳи Тбилиси. Аз соли 1933 ба чопи асарҳояш шурӯъ кардааст. Аввалин тарҷумаи Г. асари манзуми «Шоирони рус ва хориҷӣ» (1937) мебошад. Баъдан китобҳои ӯ «Дар бораи Байрон» (1938), «Шоирони англис» (1942), «Манзума, тарона ва шеърҳои англисӣ» (1946), «Сонетҳои Шекспир» (1952), «Робин Гуд», «Қиссаҳои халқии англисӣ» (1954), ба чоп расидаанд. Соли 1959 китоби ӯ «Масъалаҳои назарияи тарҷумаи бадеӣ» нашр шуд. Асарҳои «Масъалаҳои тарҷумаи воқеъбинона» (1961), «Тарҷумаҳои бадеӣ ва робитаҳои адабӣ» (1972) ва китоби дарсии «Мадхали назарияи тарҷумаи бадеӣ» ба қалами Гачечиладзе тааллуқ доранд. Гачечиладзе сармуҳаррири Нашрияи академии гурҷии таълифоти Шекспир буд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Краткая литературная энциклопедия. Т, 2. М., 1964.
Сарчашма
вироиш- Гачечиладзе // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.