Гаҳворабандон
Гаҳворабандон— як навъ маросими оилавӣ мебошад, ки ба муносибати бори аввал ба гаҳвораи нав бастани тифли навзод барпо мешавад. Вақте ки навхонадорон соҳиби фарзанди нахустин шуданд, одатан пас аз баромадани чиллаи кӯдак (дар баъзе ҷойҳо баъд аз 3-7 рӯзи таваллуд) падару модари арӯс барои тифли навзод гаҳвора ва лавозимоти онро харида, ҳамроҳ бо туҳфаҳои дигар дар рӯзи муайяншуда ба хонаи духтарашон мебаранд. Пас аз зиёфат ва меҳмондорӣ гаҳвораи навро дар мобайни хонае, ки занҳо дар гирди хона нишастаанд, мегузоранд. Ягон кампири табаррук, ё зани хушбахте, ки соҳиби фарзандони солиму солеҳ бошад, бо дуо ва нияти нек гаҳвораро омода месозад. Зани дигаре аз наздикони хонавода дар табақчае испандро дуд карда, ба атрофу зери гаҳвора мегардонад. Чун гаҳвора омода шуд, пиразани табаррук ё зани серфарзанд тифлро ба даст гирифта, ду маротиба ба гаҳвора нодуруст, сарашро дар ҷойи пойҳо ва пойҳоро дар таксарӣ мегузорад. Дар ҳар дафъа кампир аз ҳозирин мепурсад: «Дар ин ҷо хобаш кунам?». Ҳозирин ҷавоб медиҳанд: «Не, момояш, росташ хоб кун». Дар навбати сеюм ӯ тифлро дуруст мехобонад ва ангушти ишоратиашро ба даҳони кӯдак расонида мегӯяд: «Хобамро, бачаам, ба ту додам». Дар баъзе ҷойҳо момо пас аз бастани кӯдак ба гаҳвора дуои зеринро мехонад: «Хобаки гургакон, хоби сагакон, хоби ҳамсоягон, ҳамааш аз ту!». Пас аз анҷом ёфтани гаҳворабандӣ модари тифл ба сари кампири табаррук ё момодоя ҳамчун туҳфа рӯймолчаи сафед мепартояд. Инчунин аз бастани кӯдак модари тифл ба атрофи гаҳвора чормағзу тутмавиз, қанду кулча мепошид ва онҳоро иштирокдорони маросим, махсусан, бачаҳо чида мегиранд. Дар баъзе ноҳияҳо модари тифл аз нони фатир се ё ҳафт бор газида, луқмаҳоро ба гаҳвора, зери болишти кӯдак мегузорад, то ки ҳам ризқаш васеъ шаваду ҳам нон нигаҳбонаш бошад. Баъзеҳо ба таги кӯрпаи гаҳвора корд ё ягон олоти оҳанинро бо мақсади дифоъ аз маҳлуқоти афсонавии зиёнрасон мегузоранд. Барои аз чашми бад нигоҳ доштан ба дастаи гаҳвораи муҳраи чашмӣ мебанданд. Тарзи баргузорӣ ва урфу одатҳои маросими гаҳворабандон дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон ва инчунин дар байни тоҷикони Ӯзбекистон аз ҳамдигар тафовут дорад.[1]
Пайвандҳо
вироиш- Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ. www.pitfi.tj. 19 феврали 2019 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
Адабиёт
вироиш- Неменова Р.Л. Таджики Варзоба. Д., 1998;
- Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 88
- Ҷумъаев Р. Таваллуд ва тарбияи атфол дар байни тоҷикони кўҳистони Зарафшон. Д., 2012.
Нигаред
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб: Д. Раҳимов; муҳаррир Ш.Комилзода. – Душанбе: Эр-Граф, 2017. – С. 103. – 280 с.