Гвадалаҳара
Гвадалаҳара, Гуадалаҷара (исп. Guadalajara [ɡwaðalaˈxaɾa] ) — шаҳр дар маркази Мексика, маркази маъмурии иёлати Халиско.
Маҳалли аҳолинишин | |||||
Хатои Lua: expandTemplate: template "lang-nah" does not exist. | |||||
|
|||||
Кишвар | [[|]] | ||||
Роҳбар | Pablo Lemus[d] | ||||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||||
Таъсис | 1542 | ||||
Масоҳат |
|
||||
Баландии марказ | 1 554 м[1] | ||||
Минтақаи замонӣ | CDT[d] | ||||
Аҳолӣ | |||||
Аҳолӣ |
|
||||
Забони расмӣ | испониёӣ | ||||
Шиносаҳои ададӣ | |||||
Пешшумораи телефон | 33 | ||||
Нишонаи почта | 44100–44990[2] ва 44700 | ||||
guadalajara.gob.mx(исп.) | |||||
|
|||||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Дар водии дарёи Рио-Гранде-де-Сантяго, дар баландии 1524 м аз с. б. воқеъ гардидааст. Масоҳаташ 151 км². Аҳолиаш 1,5 млн нафар (2014, бо аҳолии атрофаш 4,5 млн нафар). Соли 1530 бунёд ёфтааст, мавқеашро ду бор иваз кардааст. Аз соли 1542 дар ҷойи имрӯзааш, дар водии Атемахак воқеъ аст. Аз соли 1560 пойтахти музофоти мустамликаи испании Галисаи Нав. Соли 1810 М. Идалго дар Г. ҳукумати инқилобӣ таъсис намуд, вале соли 1811 аз тарафи испаниҳо барҳам дода шуд. Баъди соли 1945 саноат дар Г. тараққӣ кард. Г. маркази муҳимми савдо ва саноати мамлакат аст. Маркази технологияи нав (корхонаҳои ширкатҳо ва иттиҳодияҳои General Electric, IBM, Intel, Hitachi, Hewlett Packard, Siemens, Flextronics фаъолият доранд). Саноати автомобилҳо, истеҳсоли компютерҳо, кимиё, мебел, бофандагӣ, дӯзандагӣ, чарму пойафзор, хӯрокворӣ, аз ҳунарҳои датӣ, истеҳсоли маснуоти шишагӣ, сафолӣ, заргарӣ, кулоҳи мексикоии самбреро рушд кардааст. Маркази роҳҳои автомобилгард ва р.о. Фурудгоҳи байналмилалии Дон Мигел Идалго (17 км ҷанубтари шаҳр) ва фурудгоҳи маҳаллии Костиля, ду хатти трамвайи баландсуръат дорад. Дар Г. осори меъмории давраи мустамликадории Испания боқӣ мондаанд: масҷиди ҷомеи Бибӣ Марям Успения (1558—1618), қасрҳои губернатор (1774) ва адлия (1588), калисоҳои Ла Мерсед (1650), Модархудои Муқаддас дел-Кармен, Арансасу (1752), Сан- Франсиско. Осорхонаҳои палеонтологӣ, кишваршиносӣ, суробҳои мумӣ, меъмории ғарби Мексика, осорхона-устохонаи рассом Х. К. Ороско, театри Деголядо, оркестри симфонӣ, Донишгоҳи Гвадалахара, боғи ҳайвонот дорад. Дар музофоти Г. дараи Барранка де Облатос (дараи «роҳибон»), шаршараи Кола де Кабалйо («думи асп»), базиликаи Сапонан, маркази ҳунарҳои кулолии Тлакепаке ҷойгиранд. Дар наздикии Г. шаҳраки Текила — ватани машруботи машҳури мексикагӣ «текила» воқеъ аст.
-
'
-
'
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Гвадалаҳара // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.