Гейнис, Александр Владимирович

Гейнис Александр Владимирович (тав.29.9.1952, ноҳияи Вахш) — ҷарроҳ, доктори илмҳои тиб (1994), профессор (1998).

Гейнис, Александр Владимирович

Зиндагинома вироиш

Хатмкардаи факултаи муолиҷавии Институти давлатии тиббии Тоҷикистон (ИДТТ) ба номи Абуалӣ ибни Сино (1975). Ординатори клиникии кафедраи ҷарроҳии госпиталии ИДТТ (1975-77), ҷарроҳи Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии № 1-и шаҳри Душанбе (1977-80), ассистент, дотсенти кафедраи ҷарроҳии госпиталӣ (1980-88), ҷонишини декани факултаи муолиҷавӣ ва котиби масъули Шӯрои ҳамоҳангсозии илми ИДТТ (1988-92). Х. и., роҳбари шуъбаи клиникӣ (1994-97) ва директори Маркази илмии давлатии тибби лазерии Федератсияи Русия (аз 1997). Бобати муолиҷаи лазерӣ ва усулҳои истифодаи он дар тиб пажӯҳиш анҷом додааст. Зиёда аз 200 таълифи илмӣ дорад.

Осор вироиш

  • Внутривенное лазерное облучение крови. М., 2008;
  • Лазерная терапия в косметологии и дерматологии. М., 2010;
  • Лазеры в эндоскопии. М., 2011.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш