Ҳелий
Ҳелий (He)
Ин унсур дар адабиёти таълимӣ бо номи ҳелий маълум аст. Ҳелий аз калимаи юнонии «hеlios» гирифта шуда, маънояш «Офтоб» аст. Гази ҳелий ҳанўз дар соли 1868 дар спектри Офтоб кашф карда шуд дар байни ҳамаи газҳои ба илми муосир маълум ҳелий дорои ҳарорати ҷўшиши аз ҳама паст мебошад. Ҳелий барои бунёди муҳити коҳил зимни кафшеркунии автогении филизот, инчунин дар энергетикаи атом мавриди истифода қарор дорад. Ҳелий дар озмоишгоҳҳои физикӣ барои кор дар температураҳои паст, инчунин ба сифати маводи термометр дар ҳудудҳои 1-80К истифода мешавад. Гарчанде ҳелий нисбат ба ҳидроген ду маротиба вазнин аст, вале он ба монанди ҳидроген хавфнок нест, бинобар ин ҳелийро барои пур кардани аэростатҳо ва чатрҳои метерологӣ истифода мебаранд. Омехтае, ки аз 80% Не ва 20% О2 иборат аст ба сифати атмосфераи сунъӣ барои нафаскашии ғаввосон истифода бурда мешавад. Ин омехта нисбат ба омехтаи оксиген бо нитроген бартарӣ дорад, чунки ҳелий нисбат ба нитроген дар хун камтар ҳал мешавад ва ин имкон медиҳад, ки ҷараёни ҷўшиши хун, ки аз сабаби нитрогени дар он ҳалшуда ҳангоми босуръат аз ҷойҳои чуқуртарини баҳру уқёнусҳо ба боло баромадан ба вуҷуд меояд, пешгирӣ карда шавад.
Ин химия мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. |
Сарчашма
вироишСафиев Ҳ.С. ва диг. Химия, дар қоидаҳо, таомулҳо, аксҳо ва нақшаҳо. Д. 2004
- ↑ (2016) «Atomic weights of the elements 2013 (IUPAC Technical Report)». Pure and Applied Chemistry 88 (3): 265–91. doi:10.1515/pac-2015-0305.
- ↑ Shuen-Chen Hwang, Robert D. Lein, Daniel A. Morgan (2005). "Noble Gases". Kirk Othmer Encyclopedia of Chemical Technology. Wiley. pp. 343–383. doi:10.1002/0471238961.0701190508230114.a01.
- ↑ Magnetic susceptibility of the elements and inorganic compounds, in Handbook of Chemistry and Physics 81st edition, CRC press.
- ↑ Weast, Robert (1984). CRC, Handbook of Chemistry and Physics. Boca Raton, Florida: Chemical Rubber Company Publishing. pp. E110. ISBN 0-8493-0464-4.