Гелминтҳо (лот. Helminthos), киҷҷаҳо — кирмҳои рӯда, кирмҳои паразит, ангезандаи гелминтозҳои одам, ҳайвонот ва рустанӣ.

Гелминтҳо
Гельминтҳо
МКБ-10 B65.065.0-B83.083.0
МКБ-9 120.0120.0-129.0129.0
DiseasesDB 28826
eMedicine / 
MeSH C03.335

Навъҳо

вироиш

Асосан 4 навъи гелминтҳо маълуманд:

  1. паҳнкирмҳо — трематодаҳо ё кирмҳои маканда ва сестодаҳо ё тасмакирмҳо; аз трематодаҳо бештар описторхисҳо, аз сестодаҳо бандкирмҳои гов, хук ва кирми тасмашакли реза, кирминаи эхинококк ва алвеококк дучор меоянд;
  2. лӯндакирмҳо ё нематодаҳо — аскаридаҳо, кирмҳои қамчиншакл, мӯякшакл (остритсаҳо), анкилостомидаҳо, трихинеллаҳо ва ғ.;
  3. кирмҳои хорсар;
  4. ҳалқакирмҳо ё аннелидҳо. Кирмҳои ду навъи охир дар организми одам дучор намеоянд.

Гелминтҳо вобаста ба даври инкишоф ба биогелминтҳо ва геогелминтҳо ҷудо мешаванд. Биогелминтҳо (мас., бандкирмҳо, эхинококк) дар организми ҳомилони мобайнӣ ва охирин инкишоф меёбанд. Кирмина ва тухми геогелминтҳо (мас., аскаридаҳо, власоглавҳо) берун аз организми ҳомил, яъне дар хок ба давраи инвазиявӣ (сироятангезӣ) мерасанд.

Ба одам асосан тухми кирмҳои болиғ ё кирминаи гелминтҳое, ки дар хӯрок вуҷуд доранд, сироят мекунанд; кирминаи баъзе навъҳои гелминтҳо ба организм аз пӯст (анкилостомидаҳо) ё дар аснои газидани ҳашарот (филярияҳо) дохил мешаванд. Гелминтҳо ба организм таъсири ангезишовар, заҳролудсоз ва аллергӣ мерасонанд. Дар баъзе мавридҳо онҳо сӯрохи узвҳоро мебанданд. Ҳолатҳое низ вуҷуд доранд, ки дар организм даҳҳо ва ҳатто садҳо адад бандкирмҳои гов ва хук мушоҳида шудааст.

Гелминтҳо ниҳоят сернасл мебошанд; аксари онҳо дар як шаборӯз ҳазорҳо ва даҳҳо ҳазор тухм мегузоранд. Гелминтҳо ба саломатии одамон зарари калон мерасонанд, чорво, ҳайвоноти мӯинадори ваҳшӣ, моҳӣ, рустаниҳоро касал карда, зиёни калони иқтисодӣ меоранд.

Сарчашма

вироиш