Генерал-губернатории Туркистон

генерал-губернаторӣ дар Русияи Подшоҳӣ

Генерал-губернатории Туркистон (русӣ: Туркестанское генерал-губернаторство) — воҳиди маъмурии империяи Русия дар ҳудуди Осиёи Марказӣ.

Генерал-губернатории Туркистон
Coat of arms
Таърихи таъсис 11 (23) июл 1867
Номи расмӣ русӣ: Туркестанское генерал-губернаторство
русӣ: Туркестанский край
Забони расмӣ русӣ
Кишвар
Пойтахт Тошканд
Воҳиди марзию маъмурӣ Русияи подшоҳӣ, Ҷумҳурии Русия[d] ва ҶШФСР[d]
Иваз шуд ба ҶМШС Туркистон
Ба ҷои вилояти Туркистон[d]
Таърихи фурӯпошӣ 1918
Тасвири нақшаи мавқеият
 Парвандаҳо дар Викианбор

Таърих

вироиш

Генерал-губернатории Туркистон дар раванди забти Осиёи Миёна аз тарафи Русия 11 июли 1867 таъсис ёфта, аз соли 1886 расман номи кишвари Туркистонро гирифт. Марказаш шаҳри Тошканд. Ҳудуди умумиаш 1533 255 км ва аҳолиаш 5281 ҳазор нафар (1897). Баъди ҳуҷуми нобарори солҳои 1839-40 лашкари Русияи подшоҳӣ аз ду самт: ҷануб (аз Оренбург) ва ҷанубу шарқ (аз Семипалатинск) ба Осиёи Миёна ҳамла карда, қалъаи Оқмачит (Қизилӯрдаи имрӯза, 1853), водии Паси Или (1850-54), қалъаҳои Токмак, Пишпек (Бишкеки имрӯза, 1860), Авлиёота (Ҷамбули ҳозира), Туркистон (1864) ва 17 июли 1865 таҳти фармондеҳии генерал М. Черняев шаҳри Тошкандро, ки ба ҳайати хонии Қӯқанд дохил мешуданд, забт кард. Ибтидои соли 1865 дар ин мулкҳо дар ҳайати генерал-губернатории Оренбург вилояти Туркистон ташкил ёфт. Соли 1866 мулкҳои баҳсноки хони Қӯқанд ва Аморати Бухоро — Хуҷанд, Нов, Ӯротеппа ва Ҷиззах аз тарафи русҳо ишғол гардида, соли 1867 дар мулкҳои забткардаи Русияи подшоҳӣ Генерал-губернатории Туркистон таъсис дода шуд, ки аз ду вилоят: Сирдарё бо марказаш Тошканд ва Ҳафтрӯд бо марказаш Верний (ҳоло Алма-ато) иборат буд. Ин воҳиди маъмурӣ аз тарафи генерал-губернаторҳое идора карда мешуд, ки аз тарафи подшоҳи Русия таъйин мегардид. Дар давраи мавҷудияти Генерал-губернатории Туркистон (1867—1917) 12 нафар генерал-губернатор ба он сарварӣ кардаанд; К. П. фон Кауфман (1867—1882), М. Г. Черняев (1882—1884), Н. О. Розенбах (1884—1888), А. Б. Вревский (1889—1898), С. М. Духовский (1898—1901), Н. А. Иванов (1901—1904), Н. Н. Тевяшев (1904—1905), Д. И. Субботич (1905—1906), Н. И. Гродеков (1906—1909), А. В. Самсонов (1909—1914), А. Н. Куропаткин (1916—1917).

14 июли 1867 аз ҷониби Александри II аввалин Генерал-губернатории Туркистон генерал-адютант К. П. фон Кауфман таъйин гардид. Кауфман дар асоси «Ярлики зарин»-и подшоҳ метавонист бо давлатҳои ҳамсоя масъалаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, сарҳаддӣ, ташкили сафоратҳо, имзои шартнома ва ҳатто масъалаҳои ҷангу сулҳро мустақилона ҳал намояд. Ӯ минбаъд забткориҳоро дар Осиёи Миёна идома дод: Самарқанд, Каттақӯрғон (1868) ва болооби Зарафшон (1870) аз ҷониби русҳо забт гардида, аз ҳисоби ин минтақаҳо округи Зарафшон таъсис дода шуд (соли 1887 ба вилояти Самарқанд табдил ёфт). Соли 1876 лашкари рус шӯриши Қӯқандро пахш карда, хонии Қӯқандро барҳам доданд ва ҳудуди онро дар ҳайати вилояти Фарғона ба Генерал-губернатории Туркистон ҳамроҳ карданд. Соли 1891 аз ҳисоби заминҳои забтшудаи қабилаҳои туркман вилояти Моварои Каспий таъсис дода шуд, ки ба вазорати ҳарбии Русия итоат мекард ва аз соли 1897 ба ҳайати Генерал-губернатории Туркистон дохил карда шуд. Вилояти Ҳафтрӯд муддате (1882—1899) дар ҳайати генерал-губернатории Степной буд ва пас он боз ба ҳайати Генерал-губернатории Туркистон ҳамроҳ карда шуд. Аз лиҳози маъмурӣ Генерал-губернатории Туркистон ба 5 вилоят: Сирдарё, Ҳафтрӯд, Самарқанд, Фарғона ва Моварои Каспӣ тақсим мешуд, ки вилоятҳо аз уездҳо ва уездҳо аз волостҳо иборат буданд. Шумораи уездҳо ба 27 ва волостҳо ба 603 адад мерасид. Аз минтақаҳои имрӯзаи Тоҷикистон Хуҷанд ва болооби Зарафшон ба ҳайати вилояти Самарқанд, Помири Шарқӣ, ноҳияҳои Конибодом, Исфара ва Ашт ҳайати вилояти Фарғона дохил мешуданд. Ҳудуди кунунии Тоҷикистони Марказӣ ва Ҷанубӣ, инчунин Помири Ғарбӣ дар ҳайати аморати Бухоро буданд. Соли 1886 ҳукумати подшоҳии Русия «Низомнома оид ба идоракунии кишвари Туркистон»-ро тасдиқ намуд, ки он дар вазъи ҳуқуқии Генерал-губернатории Туркистон муайян шуда буд. Маъмурияти кишвари Туркистон мисли дигар губернияҳо на ба вазорати корҳои дохилӣ, балки ба Вазорати ҳарбии Русия тобеъ буд. Номи Генерал-губернатории Туркистон ба ҳақиқати ҳол рост намеомад, зеро мулкҳое, ки ба ҳайати он дохил буданд, ба ғайр аз як қисми вилояти Ҳафтрӯд, ба Туркистони таърихӣ алоқае надоштанд. Чунин номгузории кишвар аз ҷониби доираи ҳукуматдорну ҳарбиёни олимақоми Русия боиси таҳрифи воқеияти таърихи ин минтақа гардид.

Дар раванди забт кардани Осиёи Миёна барои барқарор ва амалӣ намудани сиёсати ҳукумати подшоҳӣ халқҳои туркзабони Русия (тоторҳо, бошқирдҳо) нақши роҳбаладро мебозиданд. Аз ин рӯ дар ҳукумати Русияи подшоҳӣ барои ҳалли тамоми масъалаҳои марбут ба Осиёи Миёна манфиати туркзабонҳо ба назар гирифта мешуд ва дар натиҷа Осиёи Миёна барғалат «сарзамини Туркистон» номида шуд. Дар натиҷаи инқилоби февралии 1917 дар Русия Генерал-губернатории Туркистон барҳам дода шуд ва ба ҷойи он 7 апрел кумитаи Туркистонии Ҳукумати Муваққатии Русия таъсис ёфт.

Нигаред низ

вироиш

Адабиёт

вироиш
  • Генерал-губернатории Туркистон / Н. Ҳотамов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
  • Ҳотамов Н. Таърихи халқи тоҷик (аз солҳои 60-уми асри XIX то соли 1924). Д., 2007.