Генератори андозагир

Генератори андозагир (генератори сигналҳо) — абзоре, ки сигналҳои электромагнитии мушаххасоташ (басомад, шиддат, иқтидор) ва шаклаш маълуму ба меъёрдаровардашударо ба вуҷуд меорад.

Генератори сигналҳои пастбасомад Г3-109

Генератори андозагир барои санҷиш ва ҷӯрсозии афзори радиоэлектронӣ, каналҳои алоқа, воситаҳои андозагирӣ ва ғ. истифода мешавад. Қисмҳои асосии генератори андозагир-ро манбаи сигнали ибтидоӣ, тақвиятдеҳҳо, шаклдиҳандаи хурӯҷии сигналҳо, аттенюатор (пасткунандаи шиддат, қувваи ҷараён, лапишҳои электрӣ ва электромагнитӣ) ташкил медиҳанд. Баъзан ба таркиби генератори андозагир модулятор ва дигар ҷузъҳои иловагӣ низ дохил мешаванд. Дар баъзе генератори андозагир шакли сигнали хориҷшаванда бо усули рақамӣ (тавассути табилдиҳандаҳои рақамию шабеҳӣ) тартиб дода мешавад. Генератори андозагир-и диапазон (фосила)-и оптикӣ низ мавҷуд аст, ки дар асоси электроникаи квантӣ амал мекунад.

Генератори андозагир 6 навъ мешавад: пастбасомад, баландбасомад, импулсӣ, сигналҳои шаклашон муайян, сигналҳои ғалоғула ва басомадашон тағйирёбанда. Ин тақсимот шартӣ буда, баъзе генераторҳо вазифаи муштарак доранд. Аз рӯйи шакли сигналҳо генератори андозагир синусоидавӣ, импулсӣ, ғалоғулавӣ мешаванд. Кори генератори андозагирро фосилаи басомадҳои бавуҷудоянда, саҳеҳияти муқаррар кардани сигналҳо ва ғ. тавсиф медиҳанд. Дар генератори андозагир сигналҳои аз 1м Ҳтс то 1 Т Ҳтс-ро ҳосил кардан мумкин аст.

Сарчашма

вироиш