Генератори кувонтумӣ
Генератори кувонтумӣ — манбаи афканишоти электромагнитии когерентӣ (оптикӣ ё радиопаҳно), ки дар асоси ҳодисаи нурафканиши илқоӣ ё нурафканиши маҷбурии атомҳо, молекулаҳо ва ионҳои ангехта кор мекунад.
Раванди нурафканиши маҷбуриро А. Эйнштейн пешниҳод карда, имкони дар асоси он сохтани Генератори кувонтумӣ-ро охири солҳои 40 садаи XX физики шӯравӣ В. А. Фабрикант пешниҳод намудааст. Дар генератори кувонтумӣ ба ҳайси моддаи корӣ газ, моеъҳо, диэлектрикҳои сахт, кристаллҳои нимноқилӣ истифода мешаванд. Моддаи корӣ аз таъсири майдони электрии пурзӯр, нури манбаи берунӣ, дастаи электронҳо ва ғайра ангезиш ёфта, барои кори генератори кувонтумӣ энергияи зарурӣ ҷудо мекунад. Нурафкании генератори кувонтумӣ ба ғайр аз монохроматӣ будан ва когерентнокии баланд, самтнокии маҳдуд ва иқтидори зиёд низ дорад. Вобаста ба дарозии мавҷ, ки генератори кувонтумӣ меафканад, генератори кувонтумиҳои гуногун – лазер (паҳно ё диапазони оптикӣ), мазер (паҳнои микромавҷӣ), разер (паҳнои рентгенӣ), газер (гамма-паҳно) мавҷуданд. Мазери нахустин дар асоси молекулаҳои аммиак соли 1954 дар як вақт ва новобаста ба ҳамдигар дар Институти физикаи АИ ИҶШС аз тарафи Н. Г. Басову А. М. Прохоров ва дар Донишгоҳи Колумбия аз ҷониби Ҷ. Таунс ва ҳамкоронаш сохта шудааст. Онҳо барои ин кор соли 1964 сазовори ҷоизаи Нобел гардиданд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Ландсберг Г. С. Элементарный учебник физики. Т. 3. Колебания и волны. Оптика. Атомная и ядерная физика. М., 1985;
- Херман Й. Вилгелм Б. Лазеры для генерации сверхкоротких световых импульсов. М., 1986.
Сарчашма
вироиш- Генератори квантӣ / M.Ҷӯраев // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.