Генодерматозҳо
Генодерматозҳо — бемориҳои ирсии пӯст, ки бар асари мутатсияи генҳо (ҷиҳати рушд ва фаъолияти баҳинҷори пӯст зарур аст) рух менамоянд.
Генодерматозҳо | |
---|---|
Ихтисос | Pediatrics, dermatology |
eMedicine | / |
---|---|
MeSH | D012873 |
Генодерматозҳо дар натиҷаи мутатсияи як ген (Генодерматозҳо-и моногенӣ) ё таъсири мутақобили гену омилҳои гуногун (генодерматозҳи гуногуномил) ба вуҷуд меоянд. Нақси ирсии пӯст ҳангоми бемориҳои хромосомӣ, мас., синдроми Даун низ ба мушоҳида мерасад. Генодерматозҳо-и гуногуномил (псориаз, нейродермит ва ғайра) зиёдтар вомехӯранд. Онҳо бо роҳи аутосомӣ-доминантӣ ва гоҳе аутосомӣ-ретсессивӣ ба насл мегузаранд. Генодерматозҳо бештар баъди таваллуд ё дар моҳҳои аввали ҳаёти кӯдак мушоҳида мешаванд; баъзе генодерматозҳо (мас., синдроми Вернер) дар калонсолон падид меоянд. Онҳо аз бемориҳои узвҳои дарун низ (синдроми Пейтс-Егерс-Турен) дарак медиҳанд. Муолиҷаи бисёр Генодерматозҳо душвор аст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Иванов О. Л. Кожные и венерические болезни. М., 2000.
- Ефремов А. В. Генодерматозы. Новосибирск, 2003.
Сарчашма
вироиш- Генодерматозҳо // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.