Ге́нрих О́сипович Гра́фтио (14 [26] декабр 1869[1], Daugavpils[d], Vitebsk Governorate[d]30 апрел 1949[2], Санкт-Петербург[2]) — олим ва муҳандис-энергетики шӯравӣ, академики АИ ИҶШС (1932).

Генрих Графтио
Таърихи таваллуд 14 (26) декабр 1869[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 30 апрел 1949(1949-04-30)[2] (79 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ power engineering[d]
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Ҷоизаҳо
ордени Ленин ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинма

вироиш

Хатмкардаи факултаи физика ва математикаи Донишгоҳи Новороссийск дар Одесса (1892) ва Институти муҳандисони роҳҳои нақлиёти Петербург (1896). Солҳои 1900-17 дар таҳияи лоиҳа ва сохтмони р. о., инчунин трамвай дар Санкт-Петербург саҳм гузошта, лоиҳаҳои бо барқ таъмин кардани роҳҳои оҳани Қрим ва Закавказия (Моварои Қафқоз), лоиҳаи НБО-ро дар дарёҳои Вуокса, Волхов (1905—1915) ва ғ. тартиб дод. Аз соли 1907 омӯзгор, аз 1921 профессори Институти электротехникии Петербург (Ленинград) буд. Генрих Графтио ба сохтмони НБО-ҳои Волхов (1905—1915) ва Нижнесвирск роҳбарӣ карда, дар таҳияи нақшаи ГОЭЛРО ширкат варзидааст. Солҳои 1938−1945 нозири Кумитаи сохтмони неругоҳҳои Комиссариати халқии неругоҳҳои барқии ИҶШС буд. Дар давраи ҶБВ (1941—1945) доир ба инкишофи ҳидроэнергетикаи (барқи обии) минтақаҳои азнавбарқароргардидаи мамлакат ва барқарор кардани НБО-ҳои Днепр ва Нижнесвирск фаъолият намудааст. Муаллифи як қатор асарҳои илмӣ дар соҳаи нақлиёти р. о. ва ҳидроэнергетика.

Ҷоизаҳо

вироиш

Бо орденҳои Ленин ва Байрақи Сурхи Меҳнат сарфароз гаштааст. НБО-и Нижнесвирск ба номи Генрих Графтио гузошта шудааст.

  1. 1.0 1.1 Deutsche Nationalbibliothek Record #142333883 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 Графтио Генрих Осипович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.

Сарчашма

вироиш