Георгий Витсин
Гео́ргий Миха́йлович Ви́тсин (5 [18] апрел 1917, Zelenogorsk[d] — 22 октябр 2001[1], Маскав) — ҳунарпешаи театру синамо ва садопешаи аҳли Шӯравӣ ва Русия; Ҳунарпешаи халқии ИҶШС (1990).
русӣ: Георгий Вицин | |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | русӣ: Георгий Михайлович Вицын |
Таърихи таваллуд: | 5 (18) апрел 1917 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 22 октябр 2001[1] (84 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ: | |
Касб: | ҳунарпешаи театр, ҳунарпешаи синамо, ҳунарпеша |
Солҳои фаъолият | аз 1936 |
Ҷоизаҳо: | |
Соядаст: | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Нақшҳо дар филм
вироишАз ҳунарпешагони сабки мазҳакавист. Нақшҳои маъруфи ӯ: Вилям («Чӣ гуна ин писанди шумост»-и Шекспир), Морозо («Ҷавоҳироти марди ромкунанда»-и Ҷ. Флетчер), Абдурраҳмон («Содалавҳ»-и Н. Ҳикмат), Счастливсев («Беша»-и А. Островский) ва ғайра Аз соли 1969 дар Театр-студияи ҳунарпешаи кино осори М. Зошенкоро қироат мекард. Аз соли 1945 вориди кино шуд. Нақшҳое омехта ба лиризми нарму ришханди зариф офарид: Балзаминов («Издивоҷи Балзаминов», 1964), Ҷодугари раҳмдил («Афсонаи қадим», 1968) ва ғайра Дар филмҳои Л. И. Гайдай «Бандии Қафқоз», «Саг Барбос ва кросси ғайримуқаррарӣ» (1961), «Амалиёти „И“.» (1965) ва ғайра нақши Тарсончак, дар филмҳои «Ҷентелмени некбахт» (1971), «Наход» (1975) образи хаёлпарасти бетолеъро офаридааст. Дар эстрада ва телевизион ҳунарнамоӣ мекард.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Большая российская энциклопедия (рус.) — М.: Большая российская энциклопедия, 2004.
Адабиёт
вироиш- Витсин Георгий Михайлович // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.