Георгий Гречко
Георгий Михайлович Гречко (25 май 1931[1][2], Санкт-Петербург[1] — 8 апрел 2017[3], Маскав[3]) — кайҳоннаварди ИҶШС (1975), ду бор Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ (1975, 1978), доктори илмҳои физика ва математика (1984).
Кишвар: | |
---|---|
Таърихи таваллуд: | 25 май 1931[1][2] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 8 апрел 2017[3] (85 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Мукофотҳо: | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишБаъди хатми Институти ҳарбию механикии Ленинград (1955) дар Бюрои тарроҳии С. П. Королёв, 1966-86 дар гурӯҳи кайҳоннавардон, дар Иттиҳодияи илмию истеҳсолии «Энергия» кор кардааст. Се бор ба кайҳон ба сифати муҳандиси ҳавопаймо: январ-феврали 1975 (дар маҷмааи мадории кайҳонии «Союз — 17» ‒ «Салют — 4»), декабри 1977 — марти 1978 («Салют-26» ‒ «Салют — 6» — «Союз ‒ 27»: якҷо бо Ю. В. Романенко ба фазои кайҳони кушод баромад) ва сентябри 1985 («Союз Т-14» — «Салют −7» — «Союз-Т-13») парвоз намудааст. Ҷамъан дар кайҳон 135 шабонарӯзро гузаронидааст. Солҳои 1986-97 дар Институти физикаи атмосфераи АИ Русия (то соли 1992 омӯзгор, кайҳоннавард-озмоишгари дараҷаи I, баъдан чун мудири озмоишгоҳ) фаъолият кардааст. Аз соли 1979 ҷонишини раиси Кумитаи муҳофизати сулҳи шӯравӣ, аз соли 1992 ҷонишини якуми Иттиҳодия (федератсия)-и сулҳ ва созиш, Президенти фахрии Иттиҳодияи кайҳоннавардони Русия, аз соли 1997 ҷонишини раиси Шӯрои назоратии «Бонки сармоягузорӣ ва амонатгузорӣ» буд. Аз январи 2007 узви Шӯрои директорони Иттиҳодияи ҷамъиятҳои саҳомии «Инвестсбербанк» аст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Гречко Георгий Михайлович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ 2.0 2.1 MAK (лаҳ.)
- ↑ 3.0 3.1 3.2 3.3 Умер космонавт Георгий Гречко — TASS.
Адабиёт
вироиш- Гречко Георгий Михайлович // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.