Георгий Абрамович Гринберг (3 [16] июн 1900, Санкт-Петербург[1]8 август 1991, Санкт-Петербург) — физикдони шӯравӣ, узви вобастаи АИ ИҶШС (1946).

Георгий Гринберг
Таърихи таваллуд 3 (16) июн 1900
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 8 август 1991(1991-08-08) (91 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ mathematical physics[d]
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои физика ва метематика[d]
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Alexander Friedmann[d][2]
Ҷоизаҳо
ордени Ленин ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ордени Дӯстии халқҳо
Мукофоти сталинӣ

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи Донишкадаи техникии Петроград (1923). Солҳои 1919-30 дар Институти давлатии рентген ва радиошиносӣ ва Институти физикаю техника кор мекард. Солҳои 1930-36 корманди Институти электрофизика, ҳамзамон солҳои 1929-41 корманди заводи «Светлана», 1924-35 омӯзгори Институти политехникии Ленинград буд (аз соли 1930 профессори). Аз соли 1941 дар Институти физика ва техникаи АИ ИҶШС кор мекард. Асосан оид ба электроникаи назариявӣ, назарияи паҳншавии мавҷҳои электромагнитӣ, физикаи риёзӣ, назарияи чандирият таҳқиқоти илмӣ анҷом додааст. Георгий Гринберг солҳои 1942-43 назарияи умумии таъсири муттамаркази майдонҳои электрӣ ва магнитиро таҳия кардааст. Назарияи тағйирёбӣ (рефраксия)-и соҳилиро пешниҳод карда, муаммои паҳншавии мавҷҳои радиоро дар атмосфераи ғайриякҷинса омӯхтааст. Усули ҳалли чандин масъалаҳои физикаи риёзиро кашф кардааст.

Ҷоизаҳо

вироиш

Дорандаи Мукофоти давлатии ИҶШС (1949). Бо ордени Ленин ва дигар ордену медалҳо сарфароз гардидааст.

  1. 1.0 1.1 Гринберг Георгий Абрамович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  2. 2.0 2.1 Математическая генеалогия (ингл.) — 1997.

Адабиёт

вироиш