Георгий Дмитриевич Гу́лиа (1 [14] март 1913, Сухум, Sukhumi Okrug[d]18 октябр 1989, Маскав) — адиби абхозитабори рус.

Георгий Гулиа
Таърихи таваллуд: 1 (14) март 1913
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 18 октябр 1989(1989-10-18) (76 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: нависанда, рӯзноманигор
Жанр: повест[d]
Забони осор: русӣ[1]
Ҷоизаҳо:
ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ордени «Нишони Фахрӣ» Медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941—1945»
Мукофоти сталинӣ

Зиндагинома

вироиш

Донишкадаи муҳандисии роҳҳои оҳани ш. Тифлисро (1935) хатм карда, ҳамчун муҳандис дар сохтмони р. о.-и соҳили баҳри Сиёҳ кор кард. Аз хурдсолӣ ба рӯзноманигорию рассомӣ шуғл меварзид. Нахустин асараш — повести «Дар нишебӣ» (1930). Пас аз ҶБВ барои кор ба Маскав, ба нашрияи «Литературная газета» даъват шуд (1948). Нашри романи «Баҳор дар Сакан» (1948) ӯро шуҳратманд сохт ва сазовори Мукофоти давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ гашт (1949). Ин роман якҷо бо романҳои «Шаҳри хуб» (1949) ва «Кама» (1954) асари сегона (трилогия) шумурда мешаванд. Георгий Гулиа баъдан ба мавзӯи достонҳои таърихӣ низ рӯ овард. Дар ин замина асари сегонаи «Фиръавн Охнотун» (1968), «Шахсе аз Афина» (1969), «Сулла» (1971) авҷи эҷодиёти ӯ ба шумор меравад. «Зиндагӣ ва марги Михаил Лермонтов» (1973) ва «Достони Умари Хайём» (1975) аз дигар осори таърихии ӯянд.

  • Собранное сочинений: В 4 т. М., 1987-88.

Адабиёт

вироиш
  • Тверской А. Д. Гулиа как он есть. Сухуми, 1985;