Гео́ргий Дави́дович Гу́рвич (Жорж Гурвич; фр. Georges Gurvitch; 1 ноябр 1894, Новороссийск, вилояти Кубан[d][4]12 декабр 1965[1][2][3], Порис[4]) — ҳуқуқшинос ва ҷомеашиноси позитивист, доктори илмҳои ҳуқуқ (1920).

Георгий Гурвич
фр. Georges Gurvitch
Таърихи таваллуд 1 ноябр 1894(1894-11-01)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 12 декабр 1965(1965-12-12)[1][2][3] (71 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ sociology of religion[d]
Ҷойҳои кор
Алма-матер

Зиндагинома вироиш

Хатмкардаи Донишгоҳи Петроград (1917). Соли 1920 ба хориҷа ҳиҷрат кард. Баҳори 1920 дар Берлин ҳамроҳи устодони худ гурӯҳи академии русӣ ташкил дод. Соли 1922 ба Чехословакия омад. Солҳои 1922-27 дар Берлин ва Порис ба омӯзиш ва таҳқиқоти илмӣ машғул буд. Солҳои 1925-27 дар Институти славянии Порис кор мекард, дар факултаи ҳуқуқшиносии русии Донишгоҳи Порис ва аз соли 1927 устоди ҳуқуқи байналмилалии донишгоҳи Сорбонна. Аз соли 1928 шаҳрванди Фаронса. Котиби генералии Институти байналмилалии сотсиологияи ҳуқуқ дар Порис (1931-40) ва муҳаррири маҷаллаи порисии «Archives de philosophie du droit et de sociologie juridique» оид ба масъалаҳои фалсафаи ҳуқуқ ва сотсиологияи ҳуқуқ. Георгий Гурвич андешаҳои сотсиалистӣ дошта, рушди демократияро бо сотсиализм алоқаманд мешуморид.

Ӯ дар соҳаҳои фалсафа, ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ беш аз бист асар навиштааст. Аз ҷумла: «Идеологияи сотсиализм дар адабиёти навтарини олмонӣ» (1924), «Давлат ва сотсиализм» (1925), «Ахлоқ ва дин» (1926), «Ояндаи демократия» (1927), «Сотсиализм ва моликият» (1928). Асари муҳимтарини Георгий Гурвич «Муқаддимаи назарияи умумии ҳуқуқи байналмилалӣ» («Введение в общую теорию международного права». Прага, 1923) то ҳол эътибори илмии худро гум накардааст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш