Геотеодолит (аз гео… ва юн. daio — ҷудо мекунам) — абзори заминсанҷӣ барои чен кардани маҳал бо тарзи уфуқӣ ва кунҷҳои амудӣ.

Геотеодолит аз лимби уфуқии бо алидад муҷаҳҳаз (доираи амудие, ки тираш мизчаи лимбдорро мечархонад), олати мушоҳидаи поядор (штативдор) иборат мебошад. Ба воситаи геотеодолит аксбардории топографии маҳал бо истифода аз навори филиззии ченакдор, доираи уфуқӣ ё буссоли теодолит ба амал оварда мешавад. Аксбардорӣ бо Г. бештар барои мураттаб сохтани харитаҳои бузургҳаҷм, нақшаҳои иктишофӣ, корҳои муҳандисӣ, роҳсозӣ ва топографӣ зарур аст.

Сарчашма

вироиш