Геоэкология
Геоэкология (аз гео…, oikos — хона, манзил ва …логия) — як соҳаи илм, ки дар ҳамбастагӣ бо бумшиносӣ, заминшиносӣ, геокимиё, зистшиносӣ ва ҷуғрофиё тараққӣ мекунад.
Истилоҳи геоэкологияро соли 1966 олими олмонӣ К. Тролл пешниҳод намудааст. Ба геоэкология охири асри 19 В. В. Докучаев асоси назарӣ ва амалӣ гузошта буд. Дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, истилоҳи геоэкология аз солҳои 70 асри 20 мавриди истифода қарор гирифт. геоэкология ҳамчун илми ҷудогона ибтидои солҳои 90 асри 20 ташаккул ёфтааст. Сабаби ин таъсири фалокатбори инсон ба табиат буд, мас., олуда гаштани муҳити сукунат, гарм шудани иқлим, об шудани пиряхҳо, хушкидану хароб гаштани табиати баҳри Арал, норасоии оби ошомиданӣ ва ғ. Бинобар ин, масъалаи наҷоти муҳити зист пешорӯйи инсон омад. Дар ҳалли масоили марбута саҳми геоэкология назаррас аст. Таҳқиқоти геоэкологӣ самтҳои гуногунро дар бар мегирад, чунончи экологияи геокимиёӣ, экологияи хушкӣ, экологияи обҳои ширин, экологияи атмосфера, экологияи баҳрҳо, экологияи ноҳияҳои баландкӯҳ, экологияи биёбонҳо, экологияи шаҳрҳо, экологияи истифодаи сарватҳои табиӣ ва ғ.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Чибилев А. А. Введение в геоэкологию. Екатеринбург, 1998;
- Исаченко А. геоэкология Введение в экологическую географию. СПб., 2003.
Сарчашма
вироиш- Геоэкология // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.