Гили арманӣ
Гили арманӣ (англ. bolus armenus, bole armoniac), кили арманӣ — як навъ гили сурхи тирагун. Таркибаш аз Fe2O3 ва силикату алюмосиликатҳо (шпат, абрақ, гилҳои маъданӣ ва ғ.) иборат аст.
Таърих
вироишДар гузашта гили арманӣ дар тибби мардуми Мовароуннаҳру Хуросон фаровон истифода мешуд. Онро аз Ҳиндустону Арманистон меоварданд. Кони гили арманӣ дар водии Фарғона низ мавҷуд буд. Гили арманӣ нисбатан сероҳан аст (FeO, Fe2O3). Абумансури Муваффақ ва Ибни Сино табъи гили арманиро дар дараҷаи якум сард ва дар дуввум хушк муқаррар кардаанд. Шайхурраис дар «Урҷуза фӣ-т-тиб» оварда, ки «...гили арманӣ ба қатори доруҳоест, ки... хунуковаранда ва хосияти қобизагӣ доранд..., дар соф кардани пешоб давои хуб ба шумор меравад..., бо роҳи молидан ба он (саратон) нафъ дорад». Табибони пешин, гили арманиро бо дигар маводди давоии наботӣ, маъданӣ, ҳайвонӣ ва кимиёӣ махлут сохта, бемориҳои гуногунро муолиҷа мекарданд. Абумансури Муваффақ фармудааст, ки «...гили арманӣ реши рӯдагонро нек бувад ва шикам бибандад..., хуни ҳайз бозгирад ва решҳои афинро андар даҳон суд дорад, чун ба сирка (Acetum) бикунанд ва андар даҳон гиранд». Ҳамчунин «...силро нек бошад... Омосҳои гармро суд дорад..., реши оташсӯзро нек бувад ва саҳҷи рӯдагонро манфаат кунад, чун андар оби лисонулҳамал (Plantago major) ба кор барӣ». Аз нигоҳи Ибни Сино бо адвияи дигар истеъмол кардани гили арманӣ хосияти шифобахшии онро қавитар мегардонад. «Барои зуд бартараф намудани истифроғ – фармудааст Шайхурраис, – мариз бояд 1 дирам (3,186 г) кашниз ва тара ва 2 дирам (6,372 г) гили арманиро биомехта, бо оби шибит (Anethum graveolens) бихӯрад». Ё худ «...касеро, ки доруи қай ба ифрот расида, қай оварда бошад, гоҳе ошомидани фишурдаи хурфа бо гили арманӣ суд дорад... ва агар касе, ки бими пӯстрав шудани рӯдаҳоро дорад, бо оби анор бихӯрад..., агар гили арманиро бо сирка ба истисқо моланд, нафъ дорад ва ба дарди саъфа низ нофеъ аст». Ҳакими арманӣ Амирдавлат Амасиасӣ Гили арманиро омехта ба заъфарону кофур барои табобати ҷароҳати гарм, варами ғадуди шир ва шамолхӯрӣ кор мефармуд. Олимони рус Монтеверде Н. А., Гаммерман А. Ф. ва дигарон то соли 1927 тақр. 800 навъи маводди давоии мардуми Осиёи Марказиро ҷамъ оварданд, ки гили арманӣ аз ҷумлаи онҳост. Ба гуфтаи онҳо мардуми бумӣ аз гили арманӣ марҳам сохта, ба реш ва омос мебастанд; онро бо сирка сиришта, ба ҷойҳои иллатноки пӯст мемолиданд; ҳангоми гирифтории газаки ҳалқум ва хурӯсак ба гулӯ мебастанд.
Эзоҳ
вироиш- Халифаев Д. Р. (ва дигарон). Очистка бентонитовых глин// Падидаҳои санъати дорусозӣ ва тибби мардумӣ. Д., 2001
- Халифаев Д. Р., Ҳоҷиматов М. Масоили гил ва имконоти истифодаи он дар амалияи тиб. Д., 2001;
- Халифаев Д. Р., Ҳоҷиматов М. Гил ва гилдавоӣ. Д., 2002.
Сарчашма
вироиш- Гили арманӣ / М. Ҳоҷиматов, Д. Халифаев // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.