Гимназия
Гимна́зия (лаҳӣ: gimnazjum, олмонӣ: Gymnasium — ҷой барои машқҳои гимнастикӣ) — муассисаи таҳсилоти умумӣ.
Таърих
вироишДар асрҳои миёна дар Олмон муассисаҳои таълимиеро, ки дар қиёс ба макотиби умумӣ барномаи амиқтари таҳсил доштанд, гимназия меномиданд. Гимназия ҳовии ду маъност, яке машқгоҳи болопӯшида (толор ё қасри варзишӣ) ва дигаре муассисаи таълимӣ. Дар империяи Юнони Қадим, баъд дар империяи Руми Қадим хусусияти таълим дар гимназияҳо мунтазам тағйир ёфт. Фарҳанги он замонҳо таҳсилоти ҷисмониро аз умумӣ болотар мегузошт. Арасту дар бораи зарурати таҳсилоти ройгони ҷисмонӣ ва таҳсилоти ҳатмии ҷисмонии духтарон навишта, китобҳои дарсии таҳсилоти умумиро интишор додааст, ки аз рӯи онҳо то нимаи асри 18 меомӯхтанд. Муаллими ӯ Афлотун таваҷҷуҳи ҳукуматро ба рушди муносиб, ки дар он бояд ба тарбияи ҷисмонӣ вақти аз нисф камтар сарф карда, қисми бештари таҳсилот аз илмҳои умумӣ иборат бошад, ҷалб мекард. Гимназияҳое, ки дар Юнони Қадим ва мамлакатҳои таҳти империяи он (билоди Араб, Сурия, Рум ва ғ.) амал мекарданд, ду навъ буданд: гимназияи Искандарӣ ва гимназияи Спартанӣ. Дар гимназияҳои Искандарӣ ба донишҳои гуманитарию табиӣ ва дар гимназияҳои Спартанӣ ба анвои варзишҳои размӣ ва омодагии ҳарбӣ таваҷҷуҳ мешуд. Гимназияҳои Дромос аз Спарт, Академия, Ликейон аз Афина (Афлотун, Арасту, Киносарг парвардаи он буданд), Кранейон аз Коринф ва ғ. дар он замон шуҳрат доштанд. Аз асри 16 дар Аврупо гимназия ҳамчун муассисаи сирф таълимӣ равнақ пайдо мекунад. Он замон дар гимназияҳо асосан сарфу наҳв, илми бадеъ, риёзиёт, ҳандаса, мусиқӣ ва ғ. таълим дода мешуд. Забони лотинӣ низ (аз ибтидои асри 13) аз фанҳои асосии гимназия ба шумор мерафт. Ин мутобиқ ба раванди навгароӣ дар низоми таҳсилоти умумии мактабӣ буд, ки мавқеи самтҳои асримиёнагӣ ва динию мазҳабии таълимро танг мекард. Дар натиҷа мактабҳои нави гуманитарӣ бо номи мактаби лотинӣ пайдо шуданд, ки ба онҳо литсей, гимназия ном гузоштанд. Нахустин мактабҳои лотинӣ соли 1510 дар Лондон ва соли 1526 бо ташаббуси Меланхтон дар Олмон боз шуданд. Пайравони Миланхтон (Комерарий, М. Неандер, Тросендроф, Штурм) барномаи гимназияро бо талаботи ҷадид такмил карда, аз ҷумла омӯзиши илмҳои табиатшиносиро дар он муҳим шумурдаанд. Дар он давра гимназияҳо шогирдонро барои дохилшавӣ ба донишгоҳ омода мекарданд. Баробари пешрафти капитализм дар кишварҳои мухталиф зарурати пайдоиши мактабҳое ба миён омад, ки шогирдон тавонанд донишҳои амалии муфид ба даст оранд; алайҳи равияи класситсизм дар гимназия эътирозҳо шиддат гирифт. Дар натиҷа муҳити воқеии таҳсил бидуни омӯзиши забони лотинӣ ба вуҷуд омад.
Дар асри 19 омӯзгорон барои дар гимназия дарс додан аз имтиҳон мегузаштанд. Дар Русия (Маскав) нахустин гимназия соли 1703 таъсис ёфт, ки муассиси он Эрнс Глюк буд. Соли 1726 дар Петербург гимназияи академӣ боз шуд. Тибқи низомномаи соли 1804 ба гимназия ҷавононе, ки омӯзишгоҳҳои уездиро хатм кардаанд, бидуни маҳдудият қабул карда мешуданд, вале аз соли 1828 дубора маҳдудияти табақавӣ ҷорӣ мегардад — гимназияҳо танҳо барои фарзандони ашрофу мансабдор дар назар гирифта мешуд; аз барномаи таълим фанҳои фалсафа, иқтисоди сиёсӣ, ҳуқуқ ҳамчун «улуми озодандеш» хориҷ ва фанҳои забони лотиниву қонуни илоҳӣ дохил карда шуданд. Маҳз бо ташаббуси Пётри I дар гимназияҳо фанни варзиш ҷорӣ гардид, ки шогирдон шамшербозӣ, аспдавонӣ, заврақронӣ, рақс ва тирпаронӣ аз туфангчаро машқ мекарданд.
Гимназия аз мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсей фарқи ҷиддӣ дорад. Дар мактаби таҳсилоти умумӣ таълим тибқи барномаи давлатӣ сурат мегирад. Аммо гимназия мақоми баландтар дошта, тарзи таълим дар он амиқтар аст. Гимназияҳо аз лиҳози тарзи таълим умумӣ, махсус, мутамойил ба ин ё он фанне (риёзӣ, ҳунарӣ, низомию варзишӣ ва ғ.) мешаванд. Дар давраи шӯравӣ гимназияҳо барҳам дода шуданд, аммо пас аз фурӯпошии он боз аз нав таъсис ёфтанд. Дар Тоҷикистон гимназияҳо танҳо дар даврони пас аз соҳибистиқлолӣ боз шуданд. Нахустин гимназия дар Тоҷикистон соли 1996 дар ш. Душанбе бо ташаббуси Анвар Ҳайитов кушода шуд, ки 2 сол фаъолият кард. Ҳоло дар сартосари Тоҷикистон 87 гимназия амал мекунад, ки 60 ададашон давлатӣ ва 27 ададашон ғайридавлатӣ буда, дар онҳо мутаносибан 36771 ва 12632 нафар, дар маҷмӯъ 49403 нафар талаба таҳсил менамоянд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Гимназия / С. Раҷабов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.