Гимна́сий (юн.-қад. γυμνάσιον) — муассисаи таълиму тарбиявии давлатӣ дар Юнони Бостон.

Вақти пайдоиши гимнасий дақиқан муайян нашудааст. Гимнасийҳо дар Афина дар асрҳои 5-4 то м. хеле рушд карда буданд. Онҳо дар ибтидо барои машқҳои ҷисмонӣ таъйин гардида буданд, лекин баъдтар ба маркази хосси машқҳои робита ва ҷои машқҳои мусиқиву ҷисмонии ҷавонон табдил ёфтанд. Ба гимнасий баъди хатми палестра (мактаби тарбияи ҷисмонии бачагони 13-15-сола) фарзандони 16-18-солаи сарватмандони Афина дохил мешуданд. Онҳо дар гимнасий ба гимнастика машғул шуда, таҳти роҳбарии файласуфон, инчунин, сиёсатшиносӣ, фалсафа ва адабиётро меомӯхтанд. Маъруфтарин гимнасийҳо академияҳои Афлотун ва Ликей буданд.

Сарчашма

вироиш