Гинетсей (аз лот. gyne — зан ва oikion — манзил, макон) — маҷмӯъи мевабарг (мегаспорофилҳо)-и гул, ки як ё якчанд тухмдон ҳосил мекунанд.

Гинетсей дар маркази гулҷоя қарор дорад. Мевабаргҳо морпеч ё тӯда-тӯда ҷой гирифтаанд. Гинетсей апокарпӣ (озодбарг) ва синкарпӣ (часпидабарг) мешавад, масалан, гинетсейи ток синкарпӣ буда, аз 2 мевабарги ба якдигар часпида ташаккул ёфтааст, ки як тухмдонро ба вуҷуд меоранд.

Сарчашма

вироиш