Гирифт (форсӣ: گرفت‎) — усул ва шеваи иҷроӣ дар созҳои мусиқӣ; ларзондани даст ё ангуштон дар ҷараёни навохтани созҳои мусиқӣ (маъмулан дар созҳои тории камонӣ) болои торҳои дастаи сози мусиқӣ, то оҳанг мавҷдору ҷавҳардор садо диҳад.

Дар созҳои захмаӣ мутрибон гирифтро, одатан, бо истифода аз мизроб (нохун) иҷро мекунанд. Устодони мусиқӣ дар рафти иҷрои ин усул бештар таъбири «гирифт кардан»-ро ба кор мебурданд. Усули гирифт танҳо ба созҳои тории захмаӣ ё тории камонӣ хос нест, навозандагони созҳои зарбӣ (дойра, таблак, нақора) ҳам аз ин шеваи иҷро истифода мебаранд (яъне, агар бо як даст рӯи пардаро гиранд, бо дасти дигар ба навохтан мепардозанд).

Адабиёт

вироиш
  • علی اکبر دهخدا. لغتنامه. تهران، ١۳۳٧ هـ. ش.؛
  • فرهنگ آنندراج. کلکته٬ ١۸۸٧؛ برهان قاطع. نول کشور٬ ١۸۸۹؛
  • رضاقلی خان هدایت. مجمع الفصحا. چاپ سنگی٬ ١۸۹٧؛
  • محمد علئ امام ششتری. شعر و موسیقی و ساز و آواز در ادبیات فارسی. تهران٬ ١۳۴۶ هـ.
  • نصرت الله حدادی. فرهنگنامۀ موسیقی ایران. تهران٬ ١۳٧۶هـ. ش.؛
  • مهدئ ستایشگر. واژه نامۀ موسیقۍ ایران زمین. جلد 1. تهران، ١۳۸١ هـ. ش.ر

Сарчашма

вироиш