Гиройҳо
Гиройҳо (қирим. Geraylar[2], كرايلر) — сулолаи хонҳои тотори Қрим, ки насабашон ба авлоди Ҷуҷӣ — писари калонии Чингиз мерасид.
Coat of arms | |
Таърихи таъсис | 1441 |
---|---|
Бунёнгузор | Ҳоҷӣ I Гирой[d][1] |
Кишвар |
Мутобиқи фарзияи В. В. Бартолд, гиройҳо аз калимаи муғулии гарай баромада, маънояш иззатманд, арзанда ва комилҳуқуқ мебошад ва чун рутба тақр. ба мансаби атолиқи хонҳои Бухоро мутобиқат мекунад. Аз охири асри 14 мавқеи намояндагони сулолаи гиройҳо дар Қрим устувор шуда, ҳамчун дастнишони хонҳои Урдуи Тилоӣ ин мулкро идора мекарданд. Солҳои 1440 асосгузори сулола Ҳоҷӣ Герай (фавт 1466) хонии Қримро бунёд гузошт. Хонии Қрим дар замони ҳукуматдории Менглӣ Герай (1467—1515) муддате соҳибихтиёр шуда, музофоти атрофи Қрим тобеъ ва Боғчасарой пойтахташ қарор ёфт. Баъди ишғоли ҷануби Қрим аз ҷониби туркҳои Усмонӣ (соли 1478) хонии Қрим таҳти нуфузи онҳо қарор гирифта, гиройҳо бо ризояти султонҳои турк ба тахт менишастанд. Дар замони ҳукмронии Муҳаммад Герайи I (1515-23) муттаҳидкунии қавмҳои тотори ҳудудҳои Урдаи Тилоӣ вусъат ёфта, хонии Қазон (соли 1521) ва хонии Аштархон (соли 1522-23) муддате ба мулкҳои зертобеи гиройҳо табдил ёфтанд. Дар аҳди Ислом Герайи II (1584-88) номи хон баробари номи султонҳои Усмонӣ дар хутба зикр шуда, дар сикка зарб меёфт. Дар замони ҳукмронии Давлат Герайи II (1551-77) ва Ғозӣ Герайи II (1588—1607) гиройҳо таҳти ҳимояти туркҳои Усмонӣ ҳудудҳои хониро дар шимол то Маскав ва дар шарқ то Волга ва канораҳои баҳри Хазар вусъат доданд. Баъди лашкаркашиҳои Русия ба самти Поволже (соли 1551) хонии Қазон аз тобеияти гиройҳо хориҷ шуд. Дар асрҳои 16-17 гиройҳо ба мулкҳои рус, украин, поляк ва молдаванҳо борҳо ҳуҷумҳои харобиовар анҷом доданд. Чандин хони гиройҳо дар ҷангҳои империяи Усмонӣ бо Русия, Эрон ва Австрия бо пуштибонии туркҳо дар муҳорибаҳо ширкат варзиданд. Дар охири асри 17 бо устуворшавии мавқеи Русия дар Поволже, қисмати шимолии баҳри Сиёҳ, Хазар ва шикасти Туркия дар ҷанги зидди Русия (1768-74) хонии Қрим таҳти нуфузи Русия гузашт. Ҳукуматдории гиройҳо баъди аз тахт даст кашидани Шогин Герай (соли 1783) амалан дар Қрим барҳам хӯрда, намояндагони дигари сулола ба Туркия, Қафқоз ва кишварҳои Аврупо муҳоҷират намуданд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Мякотин В. А. Гиреи или Гераи (рус.) // Энциклопедический словарь — СПб.: Брокгауз — Ефрон, 1893. — Т. VIIIа. — С. 753.
- ↑ Qırım tarihı. E. Çubarovnıñ muarrirliginen. Aqmescit. Tezis. 2009 /История Крыма. Под ред. Э. Чубарова. Симферополь. Тезис. 2009/ ISBN 978-966-470-016-7
Адабиёт
вироиш- Бартольд В. В. Сочинения. Т. 5. М., 1968;
- Хорошкевич А. Л. Русь и Крым. М., 2001;
- Смирнов В. Д. Крымское ханство под верховенством Отоманской Порты. Т. 2. М., 2005.
Сарчашма
вироиш- Герайҳо / Б. Абдураҳмонов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.