Гиромии Хофӣ
Гиромии Хофӣ (форсӣ: گرامی خوافی), Гиромии Деҳлавӣ, Мир Абдурраҳмони Вазоратхон (? — 1712) — шоири форсигӯи Ҳиндустон.
Зиндагинома
вироишНиёгонаш аз Хофи Хуросон буданд. Гиромии Хофӣ дар Ҳиндустон, дар дарбори Аврангзеб хидмат мекард. Девони ашъораш шаш ҳазор байт дорад, ки дар Лоҳури Покистон соли 1933 чоп шудааст. Абёти зерин аз ӯст:
Фасли гул омаду ман тавбаи беҷо кардам,
Чӣ ситам бар қадаҳу ҷавр ба мино кардам!
Бо рафиқони зи худ рафта сафар даст надод,
Сайри саҳрои ҷунун ҳайф, ки танҳо кардам!
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Гиромии Хофӣ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.