Гиронисанҷ (форсӣ: گرانی‌سنج‎), ҷозибасанҷ, гравиметр (аз лот. gravis «вазн» + юн. μετρεω «чен мекунам») — санҷафзори бисёр ҳассосе, ки барои андозагирии тағйироти майдони гиронишӣ ба кор меравад.

CG-5 — яке аз машҳуртарин гиронисанҷҳои кварсӣ

Аксари гиронисанҷҳо ба намуди тарозуҳои пружинӣ (фанар)-и дақиқ ва ё чархзананда сохта мешаванд. Бо ёрии чунин гиронисанҷҳо фарқи байни шитоби қувваи вазниниро аз рӯи тағйирёбии шакли пружина ва ё кунҷи тобхӯрии таноби чандир, ки қувваи вазнинии бори худро ба мувозинат меорад, муайян мекунанд. Андозагирии пай дар пай дар нуқтаи асосие, ки дар он шитоби қувваи вазнинӣ маълум аст ва сипас, дар нуқтаи таҳқиқшаванда амалӣ карда мешавад.

Мақсади асосии сохтани гиронисанҷҳо ин зарурати таъмин кардани андозагирии дақиқи шаклтағйирёби (деформатсия)-и ниҳоят хурди чандирӣ дар шароитҳои саҳроӣ мебошад. гиронисанҷҳои оптикӣ, фотоэлектрӣ, ғунҷоишӣ, индуксионӣ ва ғ. истифода мешаванд. гиронисанҷҳое низ истифода мегарданд, ки дар асоси андозагирии тағйироти басомади лапиши тор сохта шуда, ба нӯги поёнии тор бор овехта шудааст ё онҳо дар асоси тағйирёбии суръати претсессияи асбобҳои гироскопӣ бар асари таъсири қиматҳои гуногун гирифтани қувваи вазнинӣ дар нуқтаҳои гравиметрӣ сохта шудаанд. Ҳассосияти гиронисанҷҳои беҳтарин то якчанд воҳиди даҳии мгл (миллигал) мерасад. гиронисанҷҳои махсус барои андозагирии қувваи вазнинӣ дар қаъри пастобҳо, киштиҳои зериобӣ ва рӯиобӣ, дар тайёраҳо насб мешаванд. гиронисанҷҳо барои истифода дар объектҳои ҳаракаткунанда, бо таҷҳизотҳои ёрирасони сабти шитоб, ки дар натиҷаи таконхӯрӣ ва ё моилгардии асоси асбоб ба вуҷуд меояд, муҷаҳҳаз мегарданд. гиронисанҷҳое мавҷуданд, ки барои сабти мунтазами бисёрмоҳаи тағйироти офтобию моҳтобии қувваи вазнинӣ имкон медиҳанд. Барои танзим (калибровка)-и нишондоди гиронисанҷҳо, дар нуқтаҳои қимати шитоби қувваи вазниниашон маълум ё дар як нуқта ҳангоми тамоюли гуногуни гиронисанҷ андозагириро амалӣ месозанд.

Гиронисанҷҳои рӯизаминӣ ва пармачоҳӣ андозагирии дақиқи шитоби қувваи вазниниро то 0,01 мгл, қаърибаҳрӣ то 0,05 мгл, киштиҳои баҳргард то 0,5 мгл, тайёравӣ то 5 мгл таъмин менамоянд.

Сарчашма

вироиш