«Гиря» — рақси сӯгвории занона бо навҳагӯии модар, бевазан, хоҳарон. Марсияро низ бо ҳамин истилоҳ ба кор мебаранд.

Он ҳамчун суруд дар вақти истиқболи ҳар як шахси наздики ба хонаи марҳум ташрифоваранда ва ҳангоми рақс мустақилона иҷро карда мешавад. Рақсро зан, хоҳарон, хола ва аммаҳои шахси фавтида иҷро мекунанд. Онҳо либоси мотам — маҳсӣ, куртаи кабуд, хилъати сиёҳ пӯшида, миёнро бо фӯтаи чаҳорметрии кабуд баста, рӯймоли кабуд ба сар мекунанд. Занҳо гирд истода, «чархи чап» мегарданд. Пойлуч ё маҳсӣ пӯшида мерақсанд. Рақс танҳо дар рӯзи аввал то баровардани мурда иҷро карда мешавад[1].

Раққоса диккак нишаста пойҳояшро ҷафс гузошта, сахт-сахт дар замин даст мекӯбаду гоҳ-гоҳ ба тарафи росту чап ҳаракат мекунад. Илова бар ин, ӯ як дасти аз оринҷ нимқатшудаашро то ба дараҷаи китф бо навбат мебардорад. Марсияро тез, таъсирбахш месарояд. Баъзан иҷрокунанда ба ҳаракатҳои пурхатар мегузарад: ба сараш мушт мезанад, дастонашро дар сари сина чиллик гузошта мекӯбад, кафкӯбӣ мекунад. Баъзеҳо як дасташонро нимқат карда, то ба дараҷаи китф бардошта, дасти дигарро дар пушташон медоранд. Илова бар ин пойҳояшонро бо навбат ба пеш бароварда, пас ба қафо мегузоранду заминро бо зарб мекӯбанд. Оҳанги рақси сӯгворӣ равон, ғамангез буда, бо зарбҳои раққоса, ки меҷаҳаду пойҳояшро ба замин сахт-сахт мекӯбад, мувофиқ аст. Василаҳои тасвири рақси «Гиря» — ҷаҳишҳо, пойкӯбиҳои сахт, ҳаракатҳои бениҳоят тезу ноумедонаи дастҳо мусибат, ғаму ғуссаи бепоёнро ифода менамоянд.

Рақси «Гиря» дар Яғноб, Ҳисор, Душанбе дида мешавад.

Нигаред низ

вироиш
  1. Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ.(тоҷ.). www.pitfi.tj. 1 ноябри 2019 санҷида шуд.

Адабиёт

вироиш
  • Нурҷонов Н. Олами беканори рақси тоҷик. Д., 2004.