Гиёҳхорӣ (англ. Vegetarianism, русӣ: Вегетарианство) — яке аз тарзҳои тағзия, ки ҳангоми он хӯрокҳои гӯштӣ, аз ҷумла моҳӣ ва мурғ истеъмол карда намешаванд.

Дастурхони гиёҳхорон

Таърих

вироиш

Гиёҳхорӣ аз замонҳои қадим маълум аст. Мардум қоидаҳои гиёҳхориро дар асоси аҳкоми динӣ тӯли ҳазорҳо сол дастгирӣ мекарданд. Гиёҳхорӣ нимаи дуввуми асри XIX, баъди дар чандин мамлакат барпо шудани Ҷамъияти гиёҳхорон маъмул гардид. Ҷонибдорони ин равия тарғиб мекарданд, ки ғизои табиии одам фақат маҳсулоти наботӣ аст. Баъзе гиёҳхорон ҳатто пӯст ва мӯинаи ҳайвонотро низ истифода намекунанд. Барои онҳо ҳамчунин ба кор бурдани маводде, ки дар таркиб унсурҳои ҳайвонӣ доранд (глитсерин, желатина), мамнуъ аст.

Гиёҳхорон ба гурӯҳҳо тақсим мешаванд. Гиёҳхорони «куҳна» аз истеъмоли ҳама гуна гӯшт, шир, тухм ва равғани ҳайвонот рӯ метобанд. Гиёҳхорони «нав» аз маҳсулоти гӯштин парҳез намуда, шир, тухм ва маскаро истеъмол мекунанд. Ба ақидаи гиёҳхорон гӯшт боиси дар андомгон (организм) ҳосил шудани моддаҳои заҳрнок гашта, ҳуҷайраҳоро нобуд, андомгонро бо дажғол олуда, умрро кӯтоҳ ва одамро асабонӣ мегардонад.

Аз нигоҳи илми тағзия вояи хӯроки одам (ратсион) бояд омехтаву гуногун бошад, яъне, он ҳам маҳсулоти наботӣ ва ҳам маҳсулоти ҳайвониро дар бар гирад. Гуногунии ғизо ба мувозанаи он ёрӣ мерасонад. Чунин ақидаи гиёҳхорон хатост, ки гӯё ҳама гуна хӯрокворӣ, хусусан ғизои хом, манбаи сафеда аст. Ферментҳои ҳозима ба сафедаи бисёр маҳсулоти наботии хом таъсир намекунанд, бинобар ин, онҳо ба душворӣ ҳазм мешаванд. Бисёр сафедаҳои хом (мас., сафедаи гандум, биринҷ ва ғ.) хуб гувориш намеёбанд. Гиёҳхорон меваю сабзавотро барҳақ манбаи муҳимми витамин, кислотаҳои органикӣ ва моддаҳои минералӣ мешуморанд. Ҳангоми пухтупаз ва дуру дароз нигоҳ доштани меваю сабзавот, дар таркиби онҳо миқдори витамин кам мешавад. Аз ин рӯ, тавсияи гиёҳхорон оид ба тару тоза истеъмол кардани онҳо оқилона аст.

Сафедаҳои гӯшт нисбат ба сафедаҳои наботот бартарӣ доранд. Бо вуҷуди ин, исбот шудааст, ки вояи хӯрокро бидуни гӯшт (аз маҳсулоти наботӣ, шир ва тухм) таҳия кардан мумкин аст. Онро бисёр вақтҳо бо мақсади муолиҷа (мас., ҳангоми бемории ниқрис) ба кор мебаранд. Гиёҳхории кӯтоҳмуддат барои баъзе бемориҳои дилу раг нафъ дорад. Саноати хӯроквории баъзе мамлакатҳо аз маҳсулоти наботӣ «гӯшт»-ҳои махсус тайёр мекунад. Мас., дар ИМА аз «гӯшти соя» консерв истеҳсол карда мешавад. Алҳол олимон кӯшиш доранд, ки аз сафедаҳои рустанӣ, обсабз ва организмҳои якҳуҷайра низ «гӯшт» тайёр кунанд. Камбуди «гӯшт»-и наботӣ дар белаззатӣ ва пастии қимати биологии он аст. Гиёҳхорон ҳар сол 1 октябрро ҳамчун иди худ ҷашн мегиранд.

Сарчашма

вироиш