Глиссер
Гли́ссер (фр. glisseur, аз glisser — лағжидан) — киштии хурди тезгард.
Дар глиссерҳо муҳаррикҳои сабуки дарунсӯзи поршенӣ, газию турбинӣ (баъзан реактивӣ) насб шуда, ба сифати ҳаракатдеҳ винтҳои паррагӣ (белдор) ё ҳавоӣ, инчунин обпарон (водомёт) истифода мешаванд. Баъзе намудҳои глиссер бо бодбонҳо муҷаҳҳаз мегарданд. Глиссерҳо ба сарбориҳо ниҳоят ҳассос буда, дар сурати зиёд шудани сарборӣ ва ё тағйир ёфтани мувозинат ҳаракат карда наметавонанд. Глиссерҳо гарчи суръати баланд доранд, вале қобилияти баҳргардиашон суст мебошад, ҳангоми ҳаракат дар баҳр аз зарба хӯрдан бо мавҷҳо танаи онҳо метавонанд шикананд. Аввалин глиссер соли 1897 дар Фаронса сохта шудааст. Назарияи глиссерҳоро Н. Е. Кочин, Л. И. Седов, С. А. Чаплигин ва дигарон пешниҳод кардаанд. Дар ИҶШС аввалин заврақи хурди лағжандаи торпедобар соли 1927 бо роҳбарии А. Н. Туполев сохта шудааст. Киштиҳои хурди глиссериро дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939-45) истифода мекарданд. Баъдан глиссерҳо ҳамчун қаиқҳои баландсуръати варзишӣ мавриди истифода қарор мегирифтанд. Бо глиссери муҳаррикаш реактивӣ рекорди ҷаҳонии суръат дар об муқаррар карда шудааст (П. Уорби бо глиссери турбореактивии «Рӯҳи Австралия» соли 1978 суръати 511,11 км/соатро ба даст овардааст). Глиссерҳои яккасаи дорои муҳаррики овезагиро скутер (англиссер scooter — тез ҳаракат кардан) меноманд. Глиссерҳо барои мусофирбарӣ, муҳофизати соҳил ва ғ. истифода мешаванд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Глиссер // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.