Глитсин (асиди аминоатсетат, гликокол) — аминокислотаи содатарини алифатӣ бо формулаи C2H5NO2; кристаллҳои беранг, ҳарорати гудозишаш 232—236°С (бо таҷзия); зиччиаш 1,595 г/см3 (15°С). Дар 100 мл об дар ҳарорати 25°С тақрибан 25 грамм глитсин ҳал мешавад.

Глитсин
Общие
Хим. формула C₂H₅NO₂
Физические свойства
Плотность 1,607 gram per cubic centimetre
Термические свойства
Т. плав. 233 °С
Т. разл. 290 °С[1]
Химические свойства
pKa 2,35
Таснифот
Рег. номер CAS 56-40-6
PubChem
Рег. номер EINECS 200-272-2
SMILES
InChI
Кодекс Алиментариус E640
ChEBI 15428 ва 57305
ChemSpider
Приводятся данные для стандартных условий (25 °C, 100 кПа), если не указано иного.

Бо асид ва асосҳо намак, бо аксар катионҳо — пайвастҳои муҷтамеъ ҳосил мекунад. Дар спирт ва эфир ҳал намешавад. Дар таркиби глитсин бисёр сафедаҳои наботот ва ҳайвонот мавҷуд аст. Онро асосан бо усули ҳидролизи сафедаҳои желатин ё фиброини абрешим ҳосил мекунанд. Глитсин аз асиди (кислотаи) монохлоратсетат ва аммиак синтез карда мешавад. Онро барои таҳияи маҳлулҳои буферӣ, синтези асидҳои гиппурат ва аминогиппурат, истеҳсоли пептидҳо кор мефармоянд. Дар суратгарӣ асиди n-оксифениламиноатсетат (оксифенилглитсин)-ро глитсин меноманд: HO – C6H4 – NHCH2COOH. Онро чун падиддору истифода мебаранд.

Адабиёт

вироиш
  • Хомченко Г. П. Химия. Д., 1986;
  • Холиқов Ш. Х. Кимиёи органикӣ. Д., 2012.

Сарчашма

вироиш